Дарахткории аъзои ҲХДТ дар Ҳисор

  • 14 Март, 2015

Теъдоди зиёде аз аъзои ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон рӯзи шанбеи 14 март дар иқдоме муштарак дар Боғи фарҳангу фароғати ноҳияи Ҳисор, дар ғарби шаҳри Душанбе, наздик ба се ҳазор дарахт нишондаанд.

Дар ин бора Усмон Солеҳ, масъули бахши равобити умумии ҳизби халқи демукрот, ба Би-би-сӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин дарахтон иборат аз дарахтони мевадор ва бемева буда ва ин тадбир дар остонаи Наврӯзу баҳор ва ба муносибати сеҳазорсолагии минтақаи бостонии Ҳисор анҷом шудааст.

Ҳамасола дар остонаи баҳор ва Наврӯз бо ширкати мақомҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла раиси ҷумҳурии ин кишвар, ҳазорҳо дарахт дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар кошта мешавад. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур, дар як иқдоми густардаи дарахткорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ширкат кард.

Манобеъи расмӣ мегӯянд, ки тайи даҳ соли ахир ду барномаи давлатии тавсеъаи боғдорӣ дар Тоҷикистон иҷро шуда ва тибқи барномаи нави давлат, қарор аст беш аз 30 ҳазор ҳектор боғу токзори нав бунёд шавад.

Гурӯҳҳои тарафдори муҳити зист ҳарчанд аз ин иқдомот ситоиш мекунанд, вале мегӯянд бисёре аз дарахтҳои кошташуда пас аз муддате аз камобӣ ё муроқибати номуассир хушк мешаванд.