Талаҳои инфиҷории Доъиш пешравии артиши Ироқ дар Такритро кунд кард

  • 14 Март, 2015
Такрит Image copyright REUTERS
Image caption Шибҳинизомиёни шиъаи "Ҳашади шаъабӣ" дар канори яке аз худравҳои зиреҳии мунфаҷиршудаи Доъиш дар ҷануби Такрит

Нерӯҳои артиши Ироқ бо ёрии шибҳинизомиёни шиъа машғули ҳамла ва муҳосираи нерӯҳои мавсум ба "Давлати исломӣ" (Доъиш) ҳастанд, ки ҳанӯз кунтрули маркази шаҳри Такритро дар ихтиёр доранд.

Ҳамлаи тактирандозҳои Доъиш ба нерӯҳои артиши Ироқ афзоиш ёфтааст, зимни он ки талаҳои (домҳои) инфиҷории коргузошташуда дар сохтмонҳои атрофи шаҳр пешравии шибҳинизомиёни шиъа ва артиши Ироқро ба самти маркази Такрит кунд кардааст.

Такрит, зодгоҳи Саддом Ҳусейн, дар ҳудуди 140-килуметрии шимоли Бағдод аст. Тасарруфи ин шаҳр баъд аз Мавсил дувумин дастоварди нерӯҳои Доъиш буд. Артиши Ироқ ва шибҳинизомиёни шиъа 12 рӯз пеш амалиётеро барои бозпасгирии шаҳр оғоз карданд.

Яке аз фармондеҳони шибҳинизомиёни шиъа иддиъо мекунад, ки ҳадди аксар 70 нерӯи Доъиш дар маркази Такрит боқӣ мондаанд. Бо ин ҳол, шибҳинизомиёни шиъа мегӯянд барои шикасти онҳо ба чанд рӯз замон ниёз доранд.

Image copyright AP
Image caption Тахмин зада мешавад, ки ҳанӯз чандсад нерӯи Доъиш дар маркази Такрит бошанд

Пештар Муъини Козимӣ, фармондеҳи созмони Бадр дар Ироқ ба Би-би-сӣ гуфта буд нерӯҳои ин кишвар умедворанд зарфи як ҳафта кунтрули шаҳри Такритро аз дасти Доъиш хориҷ кунанд.

Ба гуфтаи оқои Козимӣ, пайкорҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамчунон ҳудуди 70 дарсад аз маркази шаҳри Такритро дар даст доранд.

Бо ин ҳол, оқои Козимӣ гуфтааст Такрит "озод" мешавад, ҳатто агар барои ин кор ба ҷанги хиёбон ба хиёбон дар ин шаҳр ниёз бошад.

Бино ба гузоришҳо, сарбозони артиши Ироқ ва шибҳинизомиёни довталаби шиъаи мавсум ба "Ҳашади шаъабӣ" то кунун нуқоти калидии Такрит, аз ҷумла идораи пулис ва бемористони ин шаҳрро, ба кунтрули худ даровардаанд.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар минтақа мегӯяд садои шиллики (тирандозии) тӯпхона ва таслиҳоти сабук аз чандкилуметрии маркази Такрит шунида мешавад.

Фармондеҳи созмони Бадр, ки аз пуштибонии Эрон бархурдор аст, ба Би-би-сӣ гуфтааст нерӯҳои ироқӣ бо муҳосираи мавозеъи Доъиш дар Такрит ба онҳо ҳамла мекунанд.

Нерӯҳои ироқӣ, ки дар ҳоли пешравӣ ба сӯи Такрит ҳастанд, аз ҳудуди се ҳазор сарбози артиш, 20 ҳазор шибҳинизомии шиъа ва гурӯҳи маъдуде аз ашоири суннӣ иборатанд.

Image copyright EPA
Image caption Пешравии нерӯҳои ироқӣ ба сӯи Такрит бо амалиёти интиҳории шибҳинизомиёни Доъиш бакундӣ анҷом мешавад

Пештар Холиди Убайдӣ, вазири дифоъи Ироқ, ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки бозпасгирии Такрит аз дасти Доъиш марҳилае муҳим дар муқобала бо ин гурӯҳ аст.

Ба гуфтаи вазири дифоъи Ироқ, тасаллут ёфтан бар Такрит ба масобаи пойгоҳе барои созмондеҳии идомаи ҳамалот алайҳи Доъиш ва бозпасгирии дигар нуқот дар шимол ва ғарби ин кишвар хоҳад буд.

Такрит зодгоҳи Саддом Ҳусейн, раҳбари пешини Ироқ, аст ва дар тобистони 2014 мардуми суннии ин шаҳр, ки зидди давлат буданд, бо афзоиши тавони низомии Доъиш бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ доштанд.

Нақши пурранги Эрон дар пуштибонӣ аз шибҳинизомиёни шиъа дар амалиёти бозпасгирии Такрит боъиси бурузи нигарониҳое дар бораи рафтор бо аксарияти суннии ин шаҳр шудааст.

Мақомҳои омрикоӣ пештар дар бораи гузоришҳое мабнӣ бар ба оташ кашидани сохтмонҳо дар манотиқи фатҳшуда ба дасти шибҳинизомиёни шиъа ибрози нигаронӣ кардаанд.

Image copyright BBC World Service

Матолиби муртабит