Амиршоева: Ба иқдомоти фейсбукӣ вокунише нахоҳам кард

  • 14 Март, 2015
Амиршоева Image copyright BBC World Service
Image caption Хонум Амиршоева мегӯяд ба иқдомоти корбарони Фейсбук алайҳи худ вокунише нахоҳад кард

Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи русизабони "Вечёрка" ва узви мунтахаби Маҷлиси шаҳри Душанбе, мегӯяд ба иқдомоти гурӯҳҳои фейсбукӣ алайҳи худ ҳеч вокунише нахоҳад кард.

Хонум Амиршоева дар ин бора рӯзи шанбеи 14 март дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ хабар дод.

Вай дар посух ба ин суол, ки дар бораи номаи саргушодаи аъзои гурӯҳи фейсбукии "Забони порсӣ" ба мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ӯ чи назар дорад, гуфт, ки аслан дар ин бора ибрози назар намекунад.

Аммо аз суҳбатҳои хусусии хонум Амиршоева чунин бармеояд, ки ин қазия аз ҳамалоти лафзии бархе аз корбарони Фейсбук алайҳи ӯ дар гурӯҳи умдатан русизабони мавсум ба "Платформа" пас аз интишори хабари сабти номзадияш ба интихоботи маҷлиси шаҳри Душанбе шурӯъ шудааст.

Ин интихобот рӯзи аввали март ҳамзамон бо интихоботи порлумонӣ баргузор шуд, вале қабл аз он бархе аз корбарони Фейсбук ин суолро матраҳ кардаанд, ки оё хонум Амиршоева забони расмии Тоҷикистонро медонад ё хайр? Зимнан, суҳбати телефунии мо бо ӯ ба забони расмӣ сурат гирифт.

Гуфта мешавад қабл аз баргузории интихобот шуморе аз корбарони Фейсбук дар бораи Гулнора Амиршоева, ки бештар ба унвони як рӯзноманигори русизабон шинохта шудааст, назароти "тавҳиномез" нивишта ва ҳатто бархе аз аъзои хонаводаи ӯро ҳадафи таҳдиду иръоб қарор додаанд.

Ин мавзӯъ, ки хонум Амиршоева забонии расмии Тоҷикистонро медонад ё хайр, дар гурӯҳи фейсбукии "Забони порсӣ" низ ду рӯз қабл аз баргузории интихобот матраҳ шуда, вале гуфта мешавад, бештари касоне, ки дар ин гурӯҳ дар бораи ӯ назар доданд, аз ӯ ҳимоят карда буданд.

Назароти аъзои ин гурӯҳ дар бораи хонум Амиршоева як рӯз қабл аз интихобот ба хотири мамнӯъияти таблиғ ё суитаблиғ дар ин рӯз, ки "рӯзи магӯ" ё "рӯзи сукут" хонда мешавад, ҳазф шудааст. Хонум Амиршоева шахсан ба ин гурӯҳ дастрасӣ надошта ва аз муҳтавои ин назарот хабаре надоштааст.

Аммо бисёре аз аз аъзои гурӯҳи фейсбукии "Забони порсӣ" мегӯянд, ки хонум Амиршоева дар рӯзи интихобот бо истифода аз алфози қабеҳ "ҳамаи корбарони тоҷикизабони Фейсбук"-ро мухотаб қарор дода буд, ки ин амр "иҳонати ошкор ба забони расмии Тоҷикистон аст."

Суханони ӯ дар ин бора зоҳиран ба дунболи назари як корбари дигар, ки ба забони тоҷикӣ будани баргаҳои раъйгирӣ дар интихоботро амре ғайридемукротик хонда, баён шудаанд.

Дар вокуниш ба ин суханон, шумори қобили мулоҳизае аз аъзои гурӯҳи фейсбукии "Забони порсӣ", ки "бозгӯии мушкилоти забони порсӣ дар Фарорӯд ва ҷустуҷӯи роҳкорҳо ва беҳбуду густариши он"-ро аз аҳдофи худ медонад, номае саргушода унвонии бархе аз мақомоти Тоҷикистон ирсол карда ва дар он хонум Амиршоеваро ба "тавҳин ба забони расмӣ" муттаҳам кардаанд.

Беш аз 620 нафар зери ин нома имзо гузоштаанд, ки бисёре аз онҳо шахсиятҳои фарҳангии шинохташудае дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Ин нома ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисиюни интихобот ва ҳамапурсӣ, Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитеи забон ва истилоҳот ва маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе ирсол шудааст.

Нусхае аз он ба риёсати ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, ки хонум Амиршоева узви он аст, низ ирсол шудааст. Масъулони ҳизб мегӯянд, ки номаро гирифтаанд ва он мавриди омӯзиш қарор дорад.

Дар ин нома аз мақомот хоста мешавад, ки суханони ҷанҷолбарангези хонум Амиршоева дар бораи забони тоҷикӣ (форсӣ) ва корбарони тоҷики Фейсбук дар рӯзи интихобот мавриди баррасӣ қарор дода ва ӯ муҷозот шавад ва ё ӯ қабл аз ҳар муҷозоте аз мардум ба таври аланӣ пӯзиш бихоҳад.

Имзокунандагони ин нома ҳамчунин хостори таҳқиқи иддиъоҳои мабнӣ бар "пора кардани баргаҳои раъй ба далели ба забони тоҷикӣ будан" аз сӯи як корбари дигари Фейсбук дар рӯзи интихобот шудаанд.

Гулнора Амиршоева, сардабир ва яке аз муассисони нашрияи русизабони "Вечёрка", ки бештар ба баррасии масоили ободонии шаҳри Душанбе мепардозад, дар миёни бисёре аз сокинони ин шаҳр аз маҳбубияти қобили таваҷҷуҳе бархурдор аст. Гуфта мешавад ӯ бо мақомҳои шаҳрдорӣ низ иртиботи қавӣ дорад.

Ин нашрия, ки чанд сол пеш, дар пайи ихтилофи назар миёни кормандони нашрияи "Вечерний Душанбе" аз он муҷаззо шуд, тайи солҳои ахир аз мубтакирони иҷрои чанде аз тарҳҳои тафреҳию намоишӣ, монанди "Панҷоҳ фарди босалиқа" (Топ-50) ва "Шаҳри бехатар барои кӯдакон" будааст.

Аз тозатарин тарҳҳое, ки ин нашрия дар он саҳм дошт, мусобиқа миёни ронандагони зан бо номи "Авто-бону" аст, ки аз сӯи Вазорати кишвари Тоҷикистон ва бархе аз гурӯҳҳои ҷомеъаи маданӣ баргузор шудааст.

Матолиби муртабит