Тавофуқи Бордюжа бо мақомоти тоҷик дар бораи эҳёи саноеъи низомӣ

  • 13 Март, 2015
Image copyright BBC World Service

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки барои анҷоми сафари кории чаҳоррӯза дар Тоҷикистон ба сар мебарад, гуфт, ки Русия алоқаманд аст, ки Тоҷикистон бархе аз корхонаҳои худро, ки қаблан дар арсаи тавлидоти низомӣ фаъъолият мекарданд, дубора фаъъол карда ва таҷҳизоти мавриди ниёзи Русияро ба фуруш расонад.

Оқои Бордюжа дар ин бора рӯзи ҷумъа дар нишасти матбӯъотии худ дар шаҳри Душанбе пас аз дидораш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон хабар дод. Вайгуфт, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ризояти худро дар ин бора иброз дошта ва тасмими сиёсӣ дар ин бора вуҷуд дорад.

Оқои Бордюжа гуфт: "Суҳбат дар бораитавсеъаи ҳамкориҳои низомиву иқтисодӣ меравад, ки ҳамкории мо дар ин самт башиддат вусъат пайдо карда. Мо мехоҳем, ки бархе аз корхонаҳои Тоҷикистон, ки қаблан дар арсаи саноеъи низомӣ фаъъолият мекарданд ва зарфияти худро нигоҳ доштаанд, дубора фаъъол шаванд. Ин корхонаҳо имрӯз метавонанд аз блуки саноеъи низомии Русия ва дигар кишварҳо суфориш бигиранд. Яъне ин намуди саноеъ бисёр фарох ва муҳимтар аз ҳама мавриди ниёз аст."

Дар посух ба ин суол, ки оё метавонад ҷузъиёти бештаре дар ин бора ироа кунад, оқои Бордужа гуфт: "Фақат инро гуфта метавонам, ки ман ризоят, яъне тасмими сиёсии оқои Раҳмонро дар ин бора имрӯз дарёфт кардам."

Оқои Бордюжа имрӯз бо вузарои дифоъ ва саноеъи Тоҷикистон низ мулоқот карда ва ба гуфтаи ӯ дар ин дидорҳо низ мавзӯъи ҳамкориҳо дар арсаи саноеъи низомӣ баррасӣ шудааст.

Оқои Бордужа гуфт: "Бояд аввал корхонаҳое мушаххас шаванд, ки зарфияти мавриди ниёзи саноеъи низомиро доранд, зеро бисёре аз ин корхонаҳо самти тавлидоти худро тағйир додаанд. Мо бояд ҳамчунин бо Вазорати саноеъи Русия ин мавзӯъро баррасӣ карда ва тавре тарҳрезӣ кунем, ки барои ҳарду кишвар судманд бошад."

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ба ҷуз аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар тӯли сафари чаҳоррӯзаи худ ба Тоҷикистон бо вузарои хориҷа, саноеъ, дифоъ, корҳои дохилӣ ва раиси Шӯрои амният дидору гуфтугӯҳо анҷом дод.

Ин мулоқотҳои оқои Бордюжа, ки натиҷаи аслии он тавофуқи Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар самти саноеъи низомӣ бо Русия ба назар мерасад, дар ҳоле сурат мегирад, ки вазъи давлати Русия дар ҳоли ҳозир ба далели таҳримҳои Ғарб алайҳи ин кишвар дар робита бо Укройн буҳронӣ тавсиф мешавад.

Бино ба гуфтаи дафтари матбӯъотии Вазоарти корҳои дохилии Тоҷикистон, дар мулоқоти оқои Бордюжа бо Абдулло Навҷувонов, муъовини вазири кишвар, тасмим шудааст, ки барои дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани таҷҳизот ва васоити иртибототи марзбонони тоҷик гурӯҳи вижаи корӣ таъсис дода хоҳад шуд.

Ин манбаъ хабар дода, ки тарафҳо дар бораи таъсиси "марказҳои хидматрасонӣ барои таъмири техника ва воситаҳои махсуси самти кори милитсия, инчунин воситаҳои алоқа" гуфтугӯ кардаанд.