Кумерзбонки Олмон барои нақзи таҳримҳои Омрико ҷарима мепардозад

  • 13 Март, 2015
Image copyright AP
Image caption Кумерзбонк бо пазириши иттиҳомҳо ваъда дода, ки аз такрори он ҷилавгирӣ мекунад

Кумерзбонки Олмон пазируфтааст, ки барои нақзи таҳримҳои Омрико алайҳи кишварҳое назири Эрон ва Судон дар маҷмӯъ ҷаримае муъодили як милиёрду 450 милиюн дулор ба Иёлоти Муттаҳида бипардозад.

Бино ба тавофуқе, ки рӯзи панҷшанбе миёни мақомҳои омрикоӣ ва ин бонки олмонӣ сурат гирифт, Кумерзбонк бо пардохти ин ҷарима аз таъқиби қазоии вазорати додгустарии Омрико масун мемонад.

Кумерзбонк масъулияти тахаллуфҳои анҷомшударо ба уҳда гирифта ва ваъда додаст, ки бо бакоргирии қавонине сахт аз такрори он ҷлавгирӣ кунад.

Ба гузориши хабаргузории Оссиушиэйтед Пресс, маблағи ҷаримаи Кумерзбонк наздак ба маблағи 1900 милиюн дулоре аст, ки пештар дар соли 2012 бузургтарин бонки урупо "HSBC" ба далели мушобеҳ маҳкум ба пардохти он шуд.

Соли гузашта низ бузургтарин бонки Фаронса "Би-Эн-Пи Порибос" бо пазириши иттиҳоми худ дар анҷоми муъомила бо кишварҳое, ки зери таҳрими Омрико қарор доранд, ба пардохти ҷаримае наздик ба 9 милиёрд дулор маҳкум шуд.

Аз замони оғозои буҳрони молӣ назорат бар бонкҳо ва муассисоти молии бузург барои муқобила бо пулшӯии муҷримони байналмилалӣ ва интиқоли пул аз кишварҳое, ки зери таҳрими Омрико қарор доранд, афзоиш ёфтааст.

Аз соли 2009, бонкҳои муътабари урупоӣ назири Кредити Суис, Борклиз, Луидз ва Ой-Эн-Ҷӣ ҷаримаҳои ҳангуфте барои интиқоли пули ашхоси ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар феҳристи таҳримҳои Омрико ҳастанд, пардохтаанд.

Дар парвандаи Кумерзбонки Олмон, ба нақзи муқаррароти таҳрим аз сӯйи ин бонк дар қиболи кишварҳои Эрон, Судон, Бирма ва Кубо ишора шудааст.

Ба гуфтаи мақомҳои омрикоӣ, масъулони Кумертзбонк барои ҷилавгирӣ аз фаъъол шудани системи ҳушдор, низоми назорат бар муъомилотро дасткорӣ карда ва масалан мушаххасот афзуд ва созмонҳои мавҷуд дар феҳристи таҳримро дар замони интиқоли дороии онҳо пинҳон мекарданд.

Лазлӣ Колдул, дастёри додситони кулли Омрико дар бораи амалкарди Кумерзбонк гуфтааст, ки бо пинҳонкориҳои суратгирифта, "садҳо милиюн дулор аз ҷалби ширкатҳо ва афроди эронӣ ва судонӣ, ки дар феҳристи таҳрими Омрико ҳастанд, ба нуқоти мухталиф интиқол ёфтааст."

Дар баёнияи хонуми Колдул омадааст: "Ин иттифоқ дар шароите рӯй дода, ки мудирони Кумерзбонк аз нақзи муқаррароти таҳрим огоҳӣ доштаанд."

Кумерзбонк ҳамчунин муттаҳам шуда, ки бо заъфи созу кори назоратии муносиб, ба пулшӯӣ ва тақаллуби молиётӣ ширкати жопунии Улимпус ёрӣ расондааст.

Ширкати Улимпус пештар дар соли 2012 ба иттиҳоми тақаллуби ҳисобрасӣ ба арзиши як милиёрду 700 милиюн дулор маҳкум шуда буд.

Кумерзбонк, ки дафтари марказии он дар шаҳри Фронкфурти Олмон қарор дорад, ҳамчунин пазируфтааст, ки Кумерзбонк, ки дафтари марказии он дар шаҳри Фронкфурти Олмон қарор дорад, ҳамчунин пазируфтааст, ки илова бар пардохти ҷарима, шуморе аз коркунонашро ихроҷ кунад ва системи назоратии мустақиле, ки мавриди қабули мақомҳои иёлати Ню-Йурк бошад, ба кор гирад.

Мортин Билсинг, мудири кулли ин бонк, бо пазириши мавориди нақзи муқаррарот гуфт: "Бо тағйири созу кор, персунел ва омӯзиш, нақоиси мавриди назари мақомоти омрикоиро бартараф мекунем."