Баррасии масоили издивоҷ миёни хешовандон дар Душанбе

  • 12 Март, 2015
Мизи гирди занон Image copyright BBC World Service
Image caption Дар ин нишаст масъалаи озмоиши пизишкии ҳатмии ҷавонон қабл аз издивоҷ матраҳ шуд

Дар шаҳри Душанбе дар як мизи гирд масоили марбут ба издивоҷҳои миёни хешовандон баррасӣ шуд. Дар ин нишаст, ки рӯзи панҷшанбеи 12 март доир шуд, ҳамчунин масъалаи озмоиши пизишкии ҷавонон қабл аз издивоҷ миёни онҳо матраҳ шуд.

Ширкаткунандагони ин ҳамоиш аз намояндагони ниҳодҳои кор бо занон ва духтарон ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон иборат буданд. Дар ин мизи гирд таъкид шуд, ки бештари кӯдакони маълул дар хонаводаҳое ба дунё меоянд, ки падару модарашон хешовандони наздик ҳастанд.

Хеш ман, пеши ман

Нафиса Юнусова, ҷомеъашинос, мегӯяд, ки таҳқиқот ҳокист, ки дар Тоҷикистон тақрибан 30 дарсади издивоҷҳо миёни хешовандон сурат мегирад.

Вай афзуд: "Дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон сабаби издивоҷҳо миёни хешовандон гуногун аст. Яке аз сабабҳо маҳдуд будани макони зист ва равобити маҳдуд миёни сокинон дар кишвар аст. Ҳамчунин, тақвияти равобити хешутаборӣ ва аз даст нарафтани моликият аз сабабҳои дигари издивоҷи наздикон аст."

Хонум Юнусова мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ҳамчунин бархе аз мардум бо таваҷҷуҳ ба таъаллуқоти қавмию қабилаӣ ва табақотӣ, аз ҷумла сайидзодагону ишонҳо, ва суннатҳои мардумӣ, монанди “гаҳворабахш” барои фарзандони худ аз миёни хешовандони наздик арӯс ё домод мегиранд.

Аз сӯйи дигар, душвориҳое, ки ахиран дар пайи издивоҷҳои миёни хешовандони наздик дар Тоҷикистон ба он таъкид мешавад, таваллуди кӯдакони маълул аз чунин хонаводаҳо будааст.

Рухшона Ашӯрова, раиси бахши пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемории Эйдз бо таъкид бар паёми ахири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди издивоҷҳо миёни хешовандони наздик ва саломатии ҷомеъа гуфт, ки ин масоил дар кайфияти насли оянда таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Бемориҳои ирсӣ

Image copyright BBC World Service
Image caption Хонум Қосимова бар зарурати тасвиби қонун дар мавриди манъи издивоҷ миёни хешовандони наздик таъкид кард

Хонум Ашӯрова гуфт, ки бархе аз бемориҳое, ки нажодӣ ё ирсӣ будаанд, метавонанд маҳз бо издивоҷ миёни хешовандони наздик наслҳои ояндаро олуда кунанд.

Хонум Ашӯрова ҳамчунин роҳандозии озмоиши ҳатмии қабл аз издивоҷ миёни ҷавононро амри муҳимме барои ҷилавгирӣ аз ибтило ба бемориҳои мухталифи ирсӣ ва омезишӣ хонд. Вай афзуд, ки озмоиши тиббии қабл аз издивоҷ барои ҳар ду ҷинс, яъне ҳам ҷавони домод ва ҳам духтар ё арӯс ҳатмӣ бояд бошад.

Зебо Қосимова, раиси як маркази беҳдоштӣ дар шаҳри Душанбе, дар тақвияти суханони боло издивоҷи миёни ҷавонони хешовандро яке аз сабабҳои ба дунё омадани кӯдакони маълул хонд.

Вай мегӯяд, ки тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор кӯдак ва навҷавони маълул ба сар мебаранд, ки бештари онҳо аз волидайни хешованд ба дунё омадаанд.

Хонум Қосимова мегӯяд, ки барои тақвияти хонаводаҳо ва ҷилавгирӣ аз пош хӯрдани онҳо озмоиши пизишкӣ миёни ҳар ду ҷавон барои ҷилавгирӣ аз бемориҳои мухталиф ва таваллуди кӯдакони маълул амре зарурӣ будааст.

Аммо ӯ мегӯяд, ки озмоиш барои собит кардани бакорати духтарон қабл аз издивоҷ дар дармонгоҳҳо танҳо бо дархости худи духтарон, яъне довталабона, сурат мегирад. Аз ин рӯ, вай дар ин нишаст бар зарурати тасвиби қонун дар мавриди манъи издивоҷ миёни хешовандони наздик таъкид кард.

Image copyright BBC World Service
Image caption Оқои Ғаниев мегӯяд, ки занони ҷавон барои собит шудани бегуноҳии худ ба озмоиши бакорат алоқа доранд

Яке дигар аз мушкилоти хонаводаҳо дар Тоҷикистон афзоиши талоқ миёни ҳамсарон ва бавижа завҷҳои ҷавон дар ин кишвар аст. Пизишкони қонунӣ мегӯянд, ки бархе аз хонаводаҳои ҷавон дар рӯзҳои аввали баъд аз издивоҷ аз ҳамдигар ҷудо мешаванд.

Маъмулан ҷавонписарони домод баъд аз чанд рӯзи баргузории маросими арӯсӣ ҳамсари ҷавони худро ба истилоҳ ба “нодухтар” будан муттаҳам карда ва аз манзил берун мекунанд.

Озмоиши бакорат

Гулнора исми мустаъори як духтари ҷавон ва аз ҷумлаи сокинони яке аз навоҳии ҳумаи шаҳри Душанбе аст, ки се рӯз қабл маросими арӯсӣ дошт.

Аммо баъд аз шаби аввали заношӯӣ, шавҳараш, ки ҳамагӣ 19 сол дорад, барои озмоиши бакорат ба Маркази озмоиши пизишкии қонунии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, бурдааст.

Гулнора мехоҳад ба шавҳараш собит кунад, ки қабл аз маросими арӯсӣ бо касе робитаи ҷинсӣ надошта ва Ёдгор нахустин мардест, ки Гулнора бо ӯ пас аз издивоҷ робитаи ҷинсӣ доштааст.

Аммо Ёдгор мегӯяд, ки дар сурати собит нашудани бакорати Гулнора ӯро талоқ медиҳад, зеро намехоҳад, ки дар миёни дӯстон ва ҳамсоягон шармсор шавад.

Гулнора бо ранги парида дар назди шавҳараш меистод ва дар вазъи равонии баде қарор дошт. Ба назар мерасид, ки дар се рӯзи баъд аз маросими арӯсӣ вай ноне ба даҳон набурда ва чашмонаш низ аз гиря варам карда буданд.

Ёдгор мегӯяд: "Гулнор хешованди ман аст ва мо бо хоҳиши волидайни ду тараф издивоҷ кардем."

Вазъи Ёдгор дар муқоиса бо ҳамсараш беҳтар ба назар мерасид, ва ӯ оромона мегуфт, ки танҳо мехоҳад собит кунад, ки ҳамсараш бокира буда ва дар гузашта бо марде ҳамхоба набудааст.

Image copyright BBC World Service
Image caption Хонум Ашӯрова гуфт, ки бархе аз бемориҳои ирсӣ метавонанд маҳз бо издивоҷ миёни хешовандон ба наслҳои оянда гузаранд

Ҳарчанд омори расмӣ дар Тоҷикистон дар мавриди мизони талоқ ба хотири фуқдони бакорат расман сабт нашуда, аммо пизишкони қонунӣ дар ин кишвар мегӯянд, ки аксаран ба маркази онҳо бисёре аз ҷавонон маҳз барои собит кардани бакорати ҳамсарони ҷавонашон меоянд.

Мадраки бакорат

Ба мушкили талоқ ба хотири "бокира набудан" рӯбарӯ шудани арӯсони ҷавон пас аз издивоҷ бархе аз волидонро водор сохтааст, ки қабл аз маросими арӯсии духтаронашон ба назди пизишки қонунӣ раванд ва дар маврди бакорати фарзандашон мадрак бигиранд.

Фурқат Ғаниев, муъовини раиси Маркази озмоиши пизишкии қонунии Тоҷикистон, мегӯяд, ки омори расмӣ дар ин мавридро онҳо наметавонанд сабт кунанд, зеро волидон бо хоҳиши худ ба назди онҳо омада ва мадракро талаб мекунанд.

Оқои Ғаниев мегӯяд, ки бештар мавориди муроҷеъаи мардҳо ба пизишкон баъд аз маросими арӯсӣ сабт шуда ва занони ҷавон низ барои собит кардани бегуноҳияшон ба озмоиши бакорат алоқа доранд.

Вай гуфт: "Таҳқиқи пизишкии қонунӣ бо ризояти зану шавҳар ва волидони онҳо доир мешавад ва ин амали иҷборӣ нест. Баъзан мардҳо шикоят мекунанд, ки ҳангоми нахустин иртиботи ҷинсӣ бо ҳамсарони ҷавонашон асаре аз хунро мушоҳида намекунанд ва инро далели бокира набудани духтар мехонанд."

Аммо оқои Ғаниев меафзояд, ки таҷруба ҳокӣ аз он аст, ки хунрезӣ ҳамеша далели бакорати духтарон нест ва ин омил ба табиъати духтарон бастагӣ дорад.

Вай гуфт: “Мо ба волидони ду ҷониб ва шавҳарони ҷавон инро мефаҳмонем ва бархе аз онҳо аз талоқи занони ҷавонашон худдорӣ мекунанд.”

Вале ӯ мегӯяд, ки ин омил метавонад мунҷар ба талоқ миёни завҷҳои ҷавон гардад. Ба гуфтаи пизишкони ин марказ, моҳиёна даҳҳо нафар аз духтарон барои собит кардани бакорати худ ба пизишкони ин марказ муроҷеъа мекунанд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Хонум Қувватова мегӯяд, ки дар ин сурат на танҳо духтарон, балки ҷавонписарон низ барои тавононии ҷинсӣ озмоиш шаванд

Ҳамчунин, мавориде низ ҳаст, ки духтарон қабл аз издивоҷ барои эҳёи пардаи бакорати худ ба пизишкони ҷарроҳ муроҷеъа мекунанд ва ба гуфтаи пизишкон, ин амали ҷарроҳӣ дар кишварҳои дигари ҷаҳон низ ба унвони ҷарроҳии плостикӣ машҳур аст.

Қимати ин амали ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 300 то 400 дулор будааст. Бисёре аз духтарон барои собит кардани бакорати худ ба ҳангоми издивоҷ ба ин амал даст мезадаанд.

Нақзи ҳуқуқи духтарон

Аз сӯи дигар, бархе аз ҳуқуқдонҳо мавриди таҳқиқи пизишкони қонунӣ қарор додани духтарони ҷавон баъд аз издивоҷро навъе паст задани шаъну шарафи онҳо медонанд.

Алла Қувватова, раиси созмони ғайридавлатии мавсум ба "Баробарҳуқуқии ҷинсӣ ва мубориза бо хушунат алайҳи занон" мегӯяд, ки дар ин сурат на танҳо духтарон, балки ҷавонписарон низ барои тавоноии ҷинсӣ бояд озмоиш шаванд.

Хонум Қувватова мегӯяд: "Озмоиши бакорати духтарон як амали таҳқиромез ва табъиз нисбат ба онҳост. Барои бисёре аз мардҳо дар кишварамон зан монанди колоест, ки харидорӣ мешавад. Ва агар духтар бокира набуд, барои мард чунин менамояд, ки вай колои ноқисеро харидорӣ кардааст."

Дар Тоҷикистон дар соли 2005 қонун дар мавриди манъи табъизи ҷинсиятӣ, ки баробарҳуқуқии занон ва мардонро замонат медиҳад, ба тасвиб расидааст. Аммо ба гуфтаи коршиносон, иҷрои қонун дар мавриди табъизи ҷинсии духтарон дар ин кишвар бакундӣ пеш меравад.

Матолиби муртабит