Нашрияҳои Душанбе: 12 март

  • 12 Март, 2015
нашрияҳо Image copyright BBC World Service
Image caption Аксари нашрияҳои ин ҳафтаи Душанбе фарзияҳо ва таҳлилҳои худро дар бораи қатли Умаръалӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи-24”, дар Туркия нашр кардаанд

Аксари нашрияҳои ин ҳафтаи Тоҷикистон ҳодисаи ахири қатли Умаръалӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи-24”, як созмони мухолифи давлати ин кишварро, ба баррасӣ гирифтаанд.

ASIA-Plus, нашрияи русизабон, ин суолро матраҳ карда, ки пас аз қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбари фақиди “Гурӯҳи-24” дар Туркия, ин созмони мухолифи давлати Тоҷикистонро кӣ раҳбарӣ хоҳад кард?

Ин нашрия менависад, ки қарор аст 12-уми март Шӯрои сиёсии ин гурӯҳ, ки иддиъо дорад 60 нафар аъзо дорад, тасмим худро дар бораи интихоби раҳбари ҷадиди “Гурӯҳи-24” эълом кунад.

Гуфта мешавад, ба эҳтимоли зиёд, раҳбарии ин гурӯҳро Шарофиддин Гадоев, як узви дигари он, ки бо Умаръалӣ Қувватов хешовандӣ дорад, бар уҳда хоҳад гирифт.

Нигоҳ, нашрияи мустақил, дар бораи қатли Умаръалӣ Қувватов чаҳор фарзияро нашр кардааст, ки ба навиштаи ин нашрия, ҳар чаҳор то андозае қобили таваҷҷуҳ аст.

Ин нашрия дар мақолааш фарзияҳои даст доштани эҳтимолии 1) ҳукумат, 2) Доъиш, 3) Ғарбу Русия ва 4) шарике тиҷориро ба баррасӣ гирифтааст. Муаллиф дар ҳамин матлаб ишора мекунад, ки қатли Умаръалӣ Қувватов бештар бар зарари ҳукумати Тоҷикистон анҷом мешавад, то баръакс.

Дар матлаби дигаре дар Нигоҳ таҳти унвони “Қаламрави хашм” аз Бобоҷони Шафеъ, қатли Умаръалӣ Қувватов ва ду мухолифи дигари ҳукуматҳои пасошуравӣ - Бурис Немтсув, мухолифи Влодимир Путин ва Роҳат Алиев, мухолифи сарсахти Нурсултон Назарбоев, дар пайванд бо ҳам ба баррасӣ гирифта шудааст.

Муаллиф менависад, ки тайи ду ҳафтаи ахир се мухолифи давлатҳои пасошуравӣ терур шуданд ва “ба назар мерасад, ки бо гузашти беш аз 20 сол аз касби истиқлол бархӯрди ин кишварҳо бо мухолифонашон тайғир накарда, балки хашинтар шудааст”.

Аммо СССР ба сабки хосси ин нашрия фарзияҳои қатли оқои Қувватовро ба забоне вижа ба риштаи тасвир кашидааст. Дар матлаби “Қувватовро кадом қувва кушт?” фарзияву ишораҳо ба сабабҳои эҳтимолии қатли раҳбари “Гурӯҳи-24” зиёдтаранд.

Муаллиф баррасии сабабҳои эҳтимолии ин ҳодисаро дар зербахшҳое бо унвонҳои “қувваи заҳр”, “қувваи оши худоӣ”, “қувваи тир”, “қувваи муҳаббат”, “қувваи милисаи тоҷик”, “қувваи исломӣ”, “қувваи муллокуш”, “қувваи домодкуш”, “қувваи сухан” ва “қувваи овоза” бахшбандӣ кардааст.

Фараж низ ба қатли Умаръалӣ Қувватов таваҷҷуҳ карда, аммо ин хабарро танҳо бо овардани силсилаи ҳаводис то ба замони қатли ӯ ва вокунишҳо ба ин ҳодиса пӯшиш додааст.

ASIA-Plus, нашрияи русизабон, дар матлаби “Мубориза барои дулор” менависад, ки давлати Тоҷикистон барои нигоҳ доштани нархи пули миллӣ дар як моҳи ахир беш аз 19 милиюн дулор ба бозор арза кардааст.

Аммо нашрия менависад, ки иқдомоти мақомот барои ҷилавгирӣ аз арзон шудани сомонӣ бенатиҷа ба назар мерасад, зеро мизони таваррум дар кишвар дар моҳи феврали соли ҷорӣ шаш дарсадро нишон медиҳад.

Коршиносон мегӯянд, ки иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон дар ворид кардани милиюнҳо дулор ба бозор роҳи ҳал нест, зеро дар кишваре, ки воридот аз содирот чаҳор маротиба бештар аст, дулор табиъатан дар замоне кӯтоҳ ба берун аз кившар мунтақил мешавад.

Бархе аз коршиносон пешниҳод кардаанд, ки афви молӣ метавонад роҳи ҳалли муассире дар ин росто бошад, то ин ки сармоягузорон бидуни тарс аз пайгарди қонунӣ дулорҳои худро ба кишвар биёранд.

Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии вобаста ба риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷумҳурият, нашрияи давлатӣ, мақолаеро дар бораи издивоҷҳои хешовандӣ аз назари ислом ва мушкилоти эҳтимолии чунин издивоҷҳо аз назари пизишкӣ чоп кардааст.

Оқои Баротзода дар истинод ба оёте аз Қуръон исрор дорад, ки дини ислом издивоҷ бо хешовандони наздикро мамнӯъ карда, вале издивоҷ бо духтарони аму ва доиро ҳарчанд раво дониста, аммо ихтиёрӣ мехонад. Пас худдорӣ аз чунин издивоҷҳо ба ҳеҷ ваҷҳ муқобили ислом нест.