Созмони Милал дар ҳимоят аз мардуми Сурия "шикаст хӯрдааст"

  • 12 Март, 2015
Image copyright Reuters
Image caption Созмонҳои имдодрасонӣ нигарони вазъияти ногувори ғайринизомиёни гирифтор дар ҷанги дохилии Сурия ҳастанд

Созмонҳои имдодрасонӣ гуфтаанд, ки Созмони Милал дар ҳимоят аз мардуми Сурия шикаст хӯрдааст.

Бисту як созмони фаъъол дар заминаи кумакҳои башардӯстона дар гузориши муштараке Шӯрои Амнияти Созмони Милалро ҳадафи интиқоди шадид қарор дода ва ин шӯроро муттаҳам кардаанд, ки ба ҷои амал ба масъулияти худ дар ҳимоят ва кумак ба ғайринизомиёни сурӣ ононро "ба ҳоли худ раҳо карда" ва ба масъулияти худ дар қиболи онон амал намекунад

Ин гузориш, ки ба муносибати чаҳорумин солгарди оғози буҳрони сиёсии Сурия мунташир шуда, меафзояд, дар ҳоле ки даргирии низомӣ байни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳ ва ҳамчунин байни гурӯҳҳои мухталифи шибҳнизомӣ, соли 2014-ро хунинтарин соли ин ҷанг табдил кард, Шӯрои Амният гоми муассире дар ростои коҳиши ранҷи меҳнати ғайринизомиёни сурӣ бардошт.

Ин созмонҳо афзудаанд, ки агарчи дар соли 2014 Шӯрои Амнияти Созмони Милал се қатъномаи ҳовии илзом ба ҳимоят ва кумак ба ғайринизомиёни суриро тасвиб кард, аммо дар ин муддат дастрасии созмонҳои имдодрасон ба манотиқи васеъе аз Сурия дар муқоиса бо қабл коҳиш ёфта, дар ҳоле ки бар шумори кушташудагон, захмиҳо ва беҷошудагони ин ҷанг ба тарзи қобили таваҷҷуҳе афзуда шудааст.

Аз ҷумла дар мусавваботи Шӯрои Амният, тарафҳои даргирӣ ба худдорӣ аз ҳамла ба манотиқи сукунати ғайринизомиён мулзам шудаанд ва зимни таъкид бар лузуми афзоиши имдодрасонӣ ба ғайринизомиён, таъкид шудааст, ки Созмони Милал барои кумак ба ғайринизомиёни сурӣ ба муҷаввизи давлати ин кишвар ниёз надорад.

Image copyright AP
Image caption Ҷанги дохилии Сурия бо тазоҳуроти ором барои дархости ислоҳот ва мубориза бо фасод оғоз шуд

Бо ин ҳама, тайи соли гузашта ҳудуди ҳафтоду шаш ҳазор тан дар ҷанги дохилии Сурия кушта шуданд ва ба ин тартиб омори талафоти ин ҷанги чаҳорсола ба болои дусаду бист ҳазор нафар расид, ки аксари онон низ ғайринизомиёни сокин дар минтақаи даргирӣ будаанд.

Матолиби муртабит