Духтари Немтсов Путинро муқассир донист

  • 12 Март, 2015
Image copyright AP

Яке аз духтарони Борис Немтсов, раҳбари муҳолифони Русия, мегӯяд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, бояд масъулияти қатли ӯро ба уҳда гирад

Жана Немтсова ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба эътиқоди ӯ раиси ҷумҳури Русия "аз лиҳози сиёсӣ" масъули қатли падараш аст.

Оқои Немтсов, муъовини собиқи нахуствазири Русия ва аз сиёсатмадорони куҳнакори либерол, ки ба шиддат бо ончи дахолати Русия дар ҷанги дохилии Укройн медонист, мухолиф буд, рӯзи 27 феврал дар ҳоле ки бо дӯстдухтараш дар наздикии Кремлин қадам мезад, ба зарби чанд гулӯла ба қатл расид.

Оқои Путин қатли ӯро маҳкум карда ва қавли ёфтани қотилонро додааст.

Дар ҳамин ҳол, яке аз касоне ки дар қатли ӯ муттаҳам шуда, гуфтааст, ки базӯр маҷбур ба эътироф шудааст.

Заур Дадаев гуфтааст, ки барои ду рӯзи тамом дасту пояшро баста ва кисае ҳам рӯи сараш кашида буданд. Ӯ чанд рӯз пеш ҳамроҳ бо як нафари дигар расман ба ин қатл муттаҳам шуд.

Ӯ гуфт фақат ба ин хотир эътироф карда, ки яке аз дӯстонаш озод шавад.

"Ҳамаро тарс бардошта"

Хонуми Немтсова дар гуфтугӯ бо Гобриел Гитҳос, хабарнигори Би-би-сӣ, иддаъои дӯстони падарашро мунъакиc кард, ки мегӯяд қатл ангезаи сиёсӣ доштааст.

Ӯ гуфт: "Падарам барҷастатарин мунтақиди Путин буд. Ӯ қавитарин раҳбари мухолифон дар Русия буд."

Ӯ афзуд: "Баъд аз марги ӯ, мисли ин аст, ки сари мухолифон бурида шуд ва ҳамаро тарс бардоштааст."

Дигар ҳеҷ чеҳрае бо ин мизони нуфуз... бо ин ҳама маҳорат ва таҷруба дар рӯёрӯӣ бо мақомҳо бароямон боқӣ намонда."

Ӯ, ки 30 сол дорад в таҳлилгари бозори бурс ва муҷрии як коноли умури молӣ дар Маскав аст, гуфт, ки муҳаққиқон бо ӯ тамос нагирифтаанд, "зеро алоқае ба таҳқиқоти мустақил надоранд."

Мақомҳо ҳанӯз эълом накарданд, ки ангезаи қатли оқои Немтсов чи метавонад бошад.

Ӯ соли гузашта баъд аз таҳдид шудан ба марг дар сафҳаи Фейсбуки худ бо мақомҳои рус тамос гирифт ва он таҳдидҳоро ба мавзеъгириаш дар ҷанги Укройн муртабит донист. Пулис дар моҳи сентябр дархости ӯ барои таҳқиқ дар ин бораро рад кард.

Оқои Немтсов пеш аз марг барои таҳияи гузорише доир бар дахолати низомии Русия дар он буҳрон кор мекард.

Хонуми Немтсова гуфт, ки ӯ натавониста ба хонаи падараш, ки дар он фойлҳои худро нигаҳ медошт, дастарасӣ пайдо кунад.

Матолиби муртабит