Доъиш аз гози кулур дар ҷануби Ироқ истифода мекунад

  • 12 Март, 2015
Image copyright Getty
Image caption Амалиёт барои бозпасгирии Тикрит, ки аз тобистони соли гузшта таҳти кунтрули Доъиш аст, аз як ҳафта пеш оғоз шуд

Би-би-сӣ ба шавоҳиде даст ёфта, ки нишон медиҳад гурӯҳи Давлати Исломӣ (Доъиш) аз гози кулур (хлор - Cl) ба унвони силоҳ дар ҷанг дар Ироқ истифода мекунад.

Ба гуфтаи давлати Ироқ, мақодири каме аз ин модаи шимиёӣ дар бумбҳои канориҷодаӣ ба кор бурда мешавад, ки ҳадафи он куштани нерӯҳои ироқӣ ҳаст, ки қасди берун рондани пайкорҷӯёни Доъишро аз Тикрит доранд.

Дар видиюе, ки гурӯҳҳои хунсокунандаи бумб дар Ироқ дар ихтиёри Би-би-сӣ қарор додаанд, дуди норинҷиранг пас аз инфиҷори ин бумбҳо дида мешавад.

Ин бумбҳо шомили миқдори каме аз гози кулур аст, ки эҳтимолан дар фазоҳои боз талафоти ҷонӣ нахоҳад дошт.

Ба гуфтаи коршиносони таслиҳоти шимиёӣ, истифодаи Доъиш аз ин гоз ба хотири таъсироти равонии он аст.

Амалиёт барои бозпасгирии Тикрит, ки аз тобистони гузашта таҳти кунтрули Доъиш будааст то кунун бузургтарин амалиёти давлат алайҳи ин гурӯҳ ба шумор меравад.

Ин амалиёт беш аз як ҳафта пеш оғоз шуд.

Матолиби муртабит