Фармони Раҳмон дар бораи оғози мавсими тозаи сарбозгирӣ

  • 12 Март, 2015

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди оғози мавсими сарбозгирии тоза барои артиши ин кишвар ва мураххас кардани сарбозоне, ки муҳлати сарбозиро ба поён бурданд, фармоне содир кардааст.

Тибқи ин фармон, ки рӯзи панҷшанбеи 12 март имзо шуда, афроде, ки хидмати сарбозиро дар ягонҳои вобаста ба вазорати дифоъ, кумитеи амният, горди миллӣ, вазорати кишвар, кумитаи умури изтирорӣ ва риёсати умури зиндонҳои Вазорати додгустарии Тоҷикистон анҷом додаанд, тайи моҳҳои апрел ва май мураххас шуда ва афроди тоза ба хидмати сарбозӣ даъват мешаванд.

Хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон иҷборист ва афроде, ки ба синни 18 расидаанд, ҳамасола дар ду мавсими баҳор ва пойиз ба артиш эъзом мешаванд. Масъулияти ҷалбу эъзоми ҷавонон ба артиш ба дӯши мақомҳои маҳаллӣ дар шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон аст.

Дар фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон омада, ки вазорати фарҳанг, кумитеи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ, кумитеи родию ва телевизиюни давлатӣ бояд хидмати низомиро дар артиши ин кишвар "ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд."

Вазорати беҳдошт масъулияти озмоиши пизишкии ҷавонон ва шоистагии онон барои хидмати сарбозиро ба уҳда дорад. Бо ин ҳол, ҳамасола гузоришҳое аз эъзоми ҷавонони заъифу бемор ба артиши Тоҷикистон ё мавориди ибтилои онҳо ба бемориҳои мухталиф ва маргу мири тозасарбозон дар асари суитағзия ва бемориҳои гуногун ва лату кӯби сарбозони бузургтар мунташир мешаванд.