Эътои ҷавоизи Лоҳутӣ ба шуморе аз рӯзноманигорон

  • 11 Март, 2015
Бухорои шариф Image copyright BBC World Service
Image caption Ин рӯз ба муносибати нашри "Бухорои шариф" нахустин рӯзномаи форсӣ дар Бухоро дар 11 марти соли 1912 чун рӯзи матбӯъоти тоҷик пазируфта шудааст

Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба муносибати "Рӯзи матбӯъоти миллӣ" дар ин кишвар ба шуморе аз рӯзноманигорон ҷавоизе эъто кардааст.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, Нигинаи Муъмин дар бахши телевизиюн, Абдуғаффор Убайдуллоев дар бахши родию, Абдувоҳиди Зевар ва Эркин Шукур дар бахши матбӯъот ва Масрури Абдулло ва Сироҷиддин Икромӣ дар бахши илмию таҳлилӣ барандаи ҷавоизи Абулқосим Лоҳутӣ шудаанд.

Рухшона Ҳакимова ва Одили Нозир, ду донишҷӯи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, низ муваффақ ба касби ҷавоизи пруфессур Воҳид Асрорӣ аз сӯи Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва бахши рӯзноманигории ин донишгоҳ шудаанд.

Ин ҷавоиз дар маросиме дар теотри Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе , ки рӯзи чаҳоршанбеи 11 март ба муносибати "Рӯзи матбӯъоти миллӣ" ва 103-юмин солгарди чопи нахустин нашрияи форсӣ дар Бухоро ба номи "Бухорои шариф" баргузор шуд, ба ин афрод эъто шуд.

Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ва манотиқи мухталифи Тоҷикистон маҳофиле барои тақдир аз фаъъолияти рӯзноманигорон ва гиромидошти ёди суханварони кушташуда барпо шудааст.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, беш аз 100 намоянда аз расонаҳои мухталиф дар ҳамоише аз "Рӯзи матбӯъотии милл" таҷлил кардаанд.

Дар ин ҳамоиш мақомоти ҳукумати маҳаллӣ намояндагони расонаҳои хабариро шодбош гуфта ва ба нақши созандаи расонаҳо дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ҷомеъаи имрӯзии Тоҷикистон таъкид кардаанд.

Тибқи иттилоъи Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, аз ҷула Раҷаббой Аҳадзода, шаҳрдори Хуҷанд гуфтааст, ки эътимод ба сухани хабарнигор дар ҷомеъа рӯз то рӯз бештар мешавад.

Оқои Аҳмадзода гуфтааст: "Имрӯз мо дар як давраи ҳассоси ҷаҳонӣ шудан ба сар мебарем ва мардуми кишвар бештар аз ҳар замон ба арзишҳои инсонии баланд, омӯзишу парвариши ахлоқӣ ва маънавӣ, ҳимояти маънавӣ ва сулҳу сабот ниёз дорад. Дар ин замина нақши расонаҳо, масъулияти онҳо назаррас аст."

Дар ин ҳамоиш гуфта шуда, ки дар солҳои қаблӣ ҳукумати маҳаллӣ барои беҳбуди зиндагии бархе аз рӯзноманигорон барои бунёди манзил ба онҳо қитаъоти замин ихтисос дода ва масъулони давлатӣ ваъдаи идомаи ин иқдомро кардаанд.

Ҳамчунин ба муносибати Рӯзи иматбӯъот барои рӯзноманигорон армуғонҳои вижа эъто шудааст.

Таҷлили аз "Рӯзи матбӯъоти миллӣ" дар Тоҷикистон ҳамсола бо баргузории маҳофил ва эътои ҷавоизе ба хабарнигорон ва масъулони нашрияҳо доир мешавад.

Ин рӯз ба муносибати нашри "Бухорои шариф" нахустин рӯзномаи форсӣ дар Бухоро дар 11 марти соли 1912 ба унвони "Рӯзи матбӯъоти тоҷик" пазируфта шудааст.

Ҳамсола дар рӯзи матбӯъоти тоҷик бархе аз хабарнигорони расонаҳои мухталиф гирдиҳам меоянд ва аз мушкилоти мавҷуд дар фаъъолияташон сухан мегӯянд. Умдатан дар чунин нишастҳо бештари рӯзноманигорон камбуди нашри рӯзномаҳо ва мушкилоти молии нашрияҳо дар Тоҷикистонро матраҳ мекунанд.

Ҳарчанд бархе аз коршиносон бо ишора ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон вазъи озодии баён дар ин кишварро беҳтар арзёбӣ мекунанд, аммо бархи дигар бо таъкид ба камбуди шабакаҳои мустақилли телевизюн ва родию ва масдудияти мукаррари дастрасӣ ба интернет мегӯянд, ки вазъии озодии баён дар ин кишвар дар солҳои ахир рӯ ба вахомат гаройидааст.

Матолиби муртабит