Раҳмон бо мақоми Иттиҳодияи Урупо амнияти минтақаро баррасӣ кард

  • 11 Март, 2015

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 11-уми март дар Душанбе бо Ҳелго Мориё Шмидт, муъовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо сиёсати ҳамгироии кишварҳои Осиёи Миёна ва зарурати ин раванд дар истиқрори тавсеъаи субот дар Афғонистон баррасӣ кардааст.

Ба навиштаи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот ба мавзӯъи ҳамгироии амниятии кишварҳои Осиёи Миёна таваҷҷӯҳи вижа шудааст. Ин манбаъ бидуни ироаи тафсилоти ин мавзӯъ хабар додааст: "Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳам мавзӯъҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд."

Дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурӣ нақли қавлеро аз Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин дидор навиштааст, ки гуфта: "Итиҳоди Аврупо дар минтақаи аз назари геополитикӣ муҳими Осиёи Марказӣ, ки дар сафи пеши мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалии муосир қарор дорад, метавонад дар симои Тоҷикистон шарики муътамад ва стратегии худро бубинад".

Бино ба навиштаи ин манбаъ Ҳелго Мориё Шмидт дар ин мулоқот бар зарурати таъмини субот дар Осиёи Миёна ва Афғонистон таъкид карда ва нақши Тоҷикистонро дар ин раванд муҳим хондааст.