Нерӯҳои ироқӣ "бахшҳое аз Тикритро аз кунтрули Доъиш хориҷ карданд"

  • 11 Март, 2015
Image copyright AFP

Мақомҳои ироқӣ мегӯянд, ки нерӯҳои ин кишвар бахшҳое аз шаҳри Тикритро аз кунтрули пайкорҷӯёни Давлати Исломӣ хориҷ кардаанд.

Онҳо мегӯянд, ки Доъиш барои ҷилавгирӣ аз пешравии нерӯҳои ироқӣ дар саросари шаҳр маводди мунфаҷира кор гузоштааст.

Пештар нерӯҳои давлатӣ бо ҳимояти шибҳнизомиёни шиъа, муддаъии гирифтани шаҳри Алалам дар наздикии Тикрит шуда буданд.

Амалиёт барои бозпас гирифтани Тикрит, ки аз тобистони гузашта таҳти кунтрули Доъиш будааст, то кунун бузургтарин амалиёти давлат алайҳи ин гурӯҳ аст.

Пайкорҷӯён ҳанӯз манотиқи васеъе аз Сурия ва Ироқ, аз ҷумла Мавсил дувумин шаҳри бузурги ин кившарро кунтрул мекунанд

"Муваффақияти таблиғотии умда"

Мақомҳои ироқӣ гуфтаанд, ки рӯзи сешанбе тавонистаанд вориди бахшҳое аз Тикрит, ки зодгоҳи Саддом Ҳусейн, диктотури собиқи Ироқ, аст, шаванд.

Гузоришҳое таъйиднашуда ҳокист, ки пайкорҷӯён танҳо пули шаҳр ба рӯйи Даҷларо барои ҷилавгирӣ аз пешравии нерӯҳои таҳти фармони давлат мунфаҷир кардаанд.

Пештар дар рӯзи сешанбе Лайс Ҷабурӣ, шаҳрдори Алалам, ба хабаргузории Руйтерз гуфт, ки шаҳр таҳти кунтрули комили нерӯҳои амниятӣ, воҳидҳои Ҳошид Шуъбӣ ва ҷангҷӯёни қабоили маҳаллӣ аст."

Ӯ изофа кард: "Мо аз ин пирӯзӣ шодмон ҳастем ва мехоҳем Алалам сакуи партоби озодии Тикрит ва Мавсил бошад."

Бими он мерафт, ки нерӯҳои умдатан шиъа, ки дар ин амалиёт ширкат доранд, ба хотирии ҳамалоти Доъиш аз сокинони умдатан суннии Алалам интиқом бигиранд.

Аммо то кунун гузорише аз иқдомоти талофиҷӯёна гузориш нашудааст.

Умдатан бозпасгирии Тикрит беш аз як ҳафта пеш шурӯъ шуд.

Аммо мақомҳои ироқӣ изъон мекунанд, ки бумбҳои ҷодаӣ ва ҳамалоти тактирандозони Доъиш ҳаракоти артиш ва нерӯҳои муттаҳиди онро кунд кардааст.

Гуфта мешавад, ки Эрон низ нақши бузурге дар ин амалиёт дар сатҳи мушовира ва кумаки таслиҳотӣ дорад.

Женерол Мортин Демпсӣ, раиси ситоди муштараки артиши Омрико ҳафтаи пеш гуфт, ки кумаки низомии Эрон ба шибҳнизомиёни шиъаи Ироқ чизи тозае нест, аммо дар амалиёти Тикрит ба сурате шаффофтар аз гузашта анҷом мешавад.

Мақомҳои омрикоӣ гуфтаанд, ки агар ҳузури Эрон ба таниши фирқаӣ мунҷар нашавад, аз назари онҳо таҳаввуле мусбат аст.

Матолиби муртабит