Би-би-сӣ ҳамкорӣ бо Ҷереми Клорксун муҷрии барномаи "Тахти гоз"-ро таълиқ кард

  • 11 Март, 2015

Би-би-сӣ ҳамкорӣ бо Ҷеремӣ Клорксун, муҷрии номошнои барномаи "Тахти гоз"-и ин шабакаро ба далели "даргирӣ бо таҳиякунандаи барнома" муваққатан таълиқ кардааст.

Ба гуфтаи Би-би-сӣ, оқои Клорксун то замони мушаххас шудани "натиҷаи таҳқиқот" дар мавриди "мушоҷараи" ӯ бо таҳиякунандаи барнома ба таври муваққат аз кори худ барканор шудааст.

Дар баёнияи кӯтоҳи Би-би-сӣ омадааст: "ҳеҷ фарди дигаре ба ғайр аз Ҷеремӣ Клорксун аз кор муъаллақ нашудааст." Ба ҳамин далел, ин ҳафта қисмати тозае аз барномаи пуртарафдори "Тахти гоз" (Top Gear) дар Бритониё пахш нахоҳад шуд.

Пеш аз ин дар моҳи май эътирозҳое мабнӣ бар нажодпарастона будани суханони оқои Клорксун дар ҷараёни филмбардории ин барнома матраҳ шуда буд. Дар пайи ин эътирозҳо оқои Клрорксун гуфт, ки Би-би-сӣ ба ӯ ҳушдори ҷиддӣ нисбати наҳваи рафтораш дода буд.

Ҷереми Клорксун дар он замон гуфта буд, ки дар сурати такрори "як ҳаракати тавҳиномез дар ҳар ҷо ва дар ҳар замон" ӯро ихроҷ хоҳад кард.

Би-би-сӣ ҷузъиёти бештаре дар мавриди ҳодисае, ки ба таълиқи ҳамкорӣ бо оқои Клорксун мунҷар шуда, мунташир накард ва гуфтааст дар ин маврид ҳеҷ гуна изҳори назари бештаре намекунад.

Оқои Клорксун ҳам дар ин замина сукут кардааст, аммо ӯ моҳи пеш дар сафҳаи Твитераш навишта буд: "Ниёзмандем: Муҷрии тоза барои "Тахти гоз". Довталабон бояд пир, бадлибос ва мулолуғатӣ бошанд, аммо қодир бошанд бамавқеъ сари кор биёянд."

Барномаи Тахти гоз аз соли 2002 бо иҷрои Ҷереми Клорксун, Ричорд Ҳамун ва Ҷеймз пахш мешавад. Тахмин зада мешавад, ки ин барнома ҳар ҳафта наздик ба 350 милюн нафар дар 170 кишвар бинанда дорад.

Муҷрии барномаи "Тахти гоз" дар солҳои гузашта борҳо ба далели ҷанҷолҳои мухталиф додгоҳӣ шуда буд.