Ҳамлаи нерӯҳои низомии Покистон ба мақари ҳизби муттаҳидаи қавмӣ дар Карочӣ

  • 11 Март, 2015
Image copyright BBC World Service
Image caption Алтоф Ҳусайн, раҳбари ин ҳизб дар табъиде худхонда дар Ландан зиндагӣ мекунад

Нерӯҳои шибҳинизомии Покистон мутааллиқ ба нерӯҳои низомии ин кишвар ба мақари ҳизби "Ҷунбиши муттаҳидаи қавмӣ" (Юмкюэм/MQM) дар Карочӣ ҳамла карда ва бар асоси гузоришҳо мақари ин ҳизбро муҳру мум кардаанд.

Юмкюэм/MQM бузургтарин ҳизби сиёсии Покистон дар Карочӣ дар иёлати Синд аст.

Ба гуфтаи сарҳанг Тоҳир Маҳмуд, сухангӯи шибҳнизомии Покистон ин нерӯҳо аз мақари ин ҳизб силоҳҳои пешрафта кашф ва забт карда ва теъдодеро низ дар иртибот бо мавориди ҷиноӣ боздошт кардаанд.

Ҳамлаи нерӯҳои низомӣ ба мақари "Юмкюэм" дар авоили бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе 11 март/20 исфанд) анҷом шуд.

Ба гуфтаи сарҳанг Маҳмуд ин ҳамла бар асоси иттилоъоти дарёфтшуда анҷом шудааст.

Раҳбарони Юмкюэм/MQM дар эътироз ба ин ҳамла фарохони эътирози умумӣ дар кишвар додаанд. Бар асоси гузоришҳо ҳаводорон ва ҳомиёни ин ҳизб дар атрофи мақари ин ҳизб дар ҳоли таҷаммуъ ҳастанд.

Форуқ Саттор, аз раҳбарони аршади ин ҳизб дар гуфтугӯе бо шабакаи хабарии "Ҷиу"-и Покистон гуфтааст, ки амалиёти артиш алайҳи мақари ҳизб "Номуносиб ва дарки он мушкил аст."

Алтоф Ҳусайн, раҳбари ин ҳизб дар табъиде худхонда дар Ландан зиндагӣ мекунад.

Матолиби муртабит