Мазнуни аслии қатли Борис Немтсов мегӯяд "маҷбур" ба эътироф шудааст

  • 11 Март, 2015
Image copyright Reuters
Image caption Зоур Додоев бар бегуноҳии худ таъкид мекунад

Мазнуни аслии тирандозӣ ба Борис Немтсов, сиёсатмадори мухолиф дар Русия мегӯяд маҷбур шуда ба қатли ӯ эътироф кунад.

Зоур Додоев, ки чанд рӯз пеш ҳамроҳ бо як нафари дигар расман ба ин қатл муттаҳам шуд, акнун бар бегуноҳии худ таъкид мекунад.

Борис Немтсов 27 феврали имсол рӯи пуле дар наздикии кохи Кремлин ба зарби гулӯла кушта шуд.

Андрей Бабушкин, як узви Шурои ҳуқуқи башари Русия, ки дар зиндон ба мулоқоти Зоур Додоев рафта буд, гуфтааст захмҳои рӯй бадани оқои Додоев ҳокӣ аз он аст, ки ӯ таҳти шиканҷа будааст.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки оқои Бабушкин ба далели ин изҳорот мавриди бозҷӯӣ қарор хоҳад гирифт.

Оқои Додоев гуфтааст, ки барои ду рӯзи тамом дасту пояшро баста ва кисае ҳам рӯйи сараш кашида буданд.

Ӯ гуфтааст, ки ба ин далел ба қатли Немтсов эътироф карда то дӯсташ, ки ҳамроҳаш боздошт шуда буд, озод шавад.

Оқои Додоев гуфтааст, ки ӯ қасд дошт дар ҷаласаи додгоҳ ба ин мавзуъ ишора кунад, аммо ба ӯ дар ин додгоҳ ҳақи суҳбат дода нашуд.

Шаҳид Губашев, як мазнуни дигари ин парванда низ пеш аз он ки ба Маскав интиқол дода шавад, кутак хӯрда буд. Ин фард низ бар бегуноҳии худ таъкид кардааст.

Зоур Додоев ва Шаҳид Губашев ҳар ду аҳли Чечен ҳастанд.

Мазнунони парвандаи қатли Борис Немтсов хоҳони озодии худ шудаанд.

Матолиби муртабит