Монуври низомии НОТУ дар обҳои Дарёи Сиёҳ оғоз шуд

  • 11 Март, 2015
Image copyright BBC World Service
Image caption Новҳои ҷангии Итолиё ҳам дар монуври низомии НОТУ ширкат доранд

Размоиши НОТУ монуври низомии худро дар Дарёи Сиёҳ дар обҳои байналмилалии наздики соҳили Булғористон оғоз кардаанд.

Ҳадаф аз ин монуврҳои паймони НОТУ итминони хотир додан ба аъзои шарқии ин паймон дар муқобили рафтори ғайриқобили пешбинии Русия эълом шудааст.

Русия НОТУ-ро ба рафтори хасмона аз тариқи барпоии ин монуврҳои низомӣ муттаҳам карда ва ҳушдор додааст, ки баргузории чунин монувре дар наздикии марзи Русия авоқиби ҷиддӣ барои ҳаллу фасли буҳрони Укройн ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Image copyright EPA
Image caption Садҳо худрави зиреҳии Омрико ба кишварҳои Болтик фиристода шудаанд

Садҳо худрави зиреҳии Омрико тайи рӯзҳои ахир ба кишварҳои минтақаи Болтик фиристода шудаанд.

Ҳамчунин як лашкари пиёданизоми артиши Омрико дар монуври низомии НОТУ дар Дарёи Сиёҳ ҳузур дорад.

Ба рағми оташбас дар шарқи Укройн мизони беэътимодӣ миёни Русия ва Ғарб афзоиш ёфтааст.

Русия рӯзи сешанбе гуфт, ки аз муъоҳидаи кунтрули силоҳ дар Урупо хориҷ мешавад.

Ин муъоҳида дар соли 1990 ва дар солҳои поёнии ҷанги сард ба имзо расид ва ҳадафаш коҳиши мизони тонк, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва силоҳҳои сангин дар маҳдудаи миёни уқёнуси атлас ва кӯҳҳои Урол дар Русия буд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия Иттиҳодияи Урупоро муттаҳам карда, ки ба амд дар садади густариши буҳрони миёни Русия ва ин иттиҳодия аст.

Матолиби муртабит