Шуморе аз мусалмонони Чин "ҳамроҳ бо Доъиш дар Сурия ва Ироқ меҷанганд"

  • 11 Март, 2015
Image copyright BBC World Service
Image caption Чин мегӯяд шуморе аз шаҳрвандони ин кишвар дар даргириҳои Сурия ва Ироқ дар канори нерӯҳои Доъиш ҳузур доранд

Як мақоми баландпояи чинӣ гуфтааст, ки шуморе аз мусалмонони чинии минтақаи Синкёнг ҳамроҳ бо нерӯҳои Доъиш дар даргириҳои Сурия ва Ироқ меҷанганд.

Жонк Чунсӣ, раиси давлати Синкёнг, ки ҷамъияти зиёде аз мусалмонони уйғурро дар худ ҷой додааст, ин суханонро баён кардааст.

Оқои Жонг гуфт бархе аз ҷангҷӯён пас аз мушорикат дар даргириҳо ба Синкёнг баргаштаанд то дар 'тарҳи терруристӣ' мушорикат кунанд. Ӯ тавзеҳи бештаре дар ин хусус надод.

Синкёнг дар ғарби Чин тайи солҳои ахир чандин бор шоҳиди ҳамалоти маргбор ва даргириҳои хунин будааст.

Жонг Чунсӣ, раиси давлати Синкёнг дар нишасти солонаи порлумони Чин гуфт "шуморе аз уйғурҳо" ба хориҷ рафта ва ба давлати исломӣ пайвастаанд."

Се моҳи пеш рӯзномаи Глубол тоймзи Чин ба нақл аз манобеъи ношиноси амниятӣ гузориш дода буд, ки ҳудуди 300 шаҳрванди чинӣ дар Ироқ ва Сурия ба Доъиш пайваста ва дар ҷангҳо мушорикат доранд.

Таъйиди гузоришҳои марбут ба Синкёнг ба далели он ки дастрасии хабарнигорони хориҷӣ ба ин минтақа маҳдуд аст, бо душворӣ имконпазир аст.

Чин мегӯяд ҷудоиталабони уйғур, ки бо созмонҳои ифротии исломгаро дар хориҷ аз ин кишвар муртабит ҳастанд, масъули афзоиши хушунатҳои ин минтақа тайи чанд соли гузашта ҳастанд.

Давлати Чин дар посух ба хушунатҳо дар ин минтақа ба саркӯби бештар рӯй оварда ва маҳдудиятҳои вазъшуда алайҳи уйғурро шиддат бахшидааст.

Уйғурҳои Чин солҳост, ки аз маҳдудиятҳо ва табъиз шикоят доранд ва мегӯянд давлати Чин онҳоро таҳти фишор қарор додааст.

Уйғурҳо, ки турки мусалмон ҳастанд, 45 дарсади ҷамъияти минтақаро ташкил медиҳанд. Чиниҳои ҳон низ 40 дарсади ҷамъиятро шомил мешаванд.

Мухолифони сиёсатҳои Чин дар Синкёнг солҳо аст, ки давлати Чинро муттаҳам мекунанд, ки ба манзури тағйир дар таркиби қавмии ин устон ва маҳви фарҳанги бумии он чиниҳои "ҳон"ро ба муҳоҷират ба ин минтақаи Чин ташвиқ кардааст.

Мусалмонони сокини устони Синкёнг ҳамчунин давлати Чинро ба талош барои нобудии хусусиёти фарҳангии худ муттаҳам кардаанд.

Матолиби муртабит