Барканории Қосими Раҳбар аз вазорати кишоварзӣ

  • 10 Март, 2015

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне Қосими Раҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистонро аз симматаш барканор ва Маҳмадтоир Зокировро ҷойгузини ӯ кард.

Тибқи иттилоъи торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар фармони ҷудогонае оқои Раҳбарро ба симати раиси Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон мансуб кардааст.

Қосим Қосимов, ки дар гузашта устондори Суғд буд, тайи ҳудуди даҳ соли ахир раҳбарии вазорати кишоварзии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Рӯзи 10 март ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон се фармони дигаре содир карда ва тибқи онҳо дар се ноҳия, аз ҷумла Варзоб, Қумсангир ва Балҷувон руасои ҷадидеро мансуб кардааст.

Фармонҳои раиси ҷумҳурӣ дар бораи ин интисобот ва барканориҳо ба порлумони кишвар барои тасвиб ирсол шудаанд.

Торномаи риёсати ҷумҳурӣ ҳамчунин иттилоъ дар мавриди судури мусаввабаҳоеро пахш кардааст, ки бар асоси онҳо Холмуроди Раҳмон ба риёсати Ожонси беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон ва Исоҷон Қурбонов ба риёсати корхонаи вижаи давлатии “Тилои тоҷик” баргумошта шудаанд.