Зоиров интихоботи порлумониро "интихоботи бидуни интихоб" хонд

  • 10 Март, 2015
Image copyright BBC World Service

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллии ин кишварро, ки рӯзи 1-уми март баргузор шуд, як "интихоботи бидуни интихоб" хондааст.

Раҳбари сусиёл-демукротҳо исрор дорад, ки натоиҷи интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси мааллӣ дар Тоҷикистон ҳосили як фароянди интихоб набуда, балки баёнгари дахолати ошкори дастгоҳи давлатӣ дар раъйгирӣ ва таҳмили хостаҳои ҳукуматӣ бар кумисиюнҳои интихоботӣ будааст.

Вай мулоҳизоти худро дар бораи интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ рӯзи душанбеи 9-уми март мунташир кардааст.

Раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот дар баёнияе таҳти унвони “Ҳашт фарзия дар бораи натоиҷи интихобот” гуфта, ки давлат барои нахустин бор мардумро ба сурати ҷамъӣ аз ҳаққи интихоб маҳрум кардааст. Ба эътиқоди ӯ, ин кор аз роҳи ботил кардани баргаҳои раъйе, ки ба тарафдорӣ аз мухолифон ба сандуқҳо рехта шуда буд, анҷом шудааст.

Дар ин баёния мехонем, ҳарчанд ҳизби сусиёл-демукрот аз давлат таваққуъи зиёде надошта, "натоиҷи интихоботи 1-уми марти 2015 интихобкунандагонро бо ихроҷи мухолифон аз порлумон шигифтзада кард."

Раҳбари ин ҳизби мухолифи давлат менависад: "Дар ҷараёни омодагӣ ба интихобот ва дар рӯзи раъйгирӣ на қудрати ҳақ, балки ҳаққи қудрат ба намоиш гузошта шуд."

Оқои Зоиров ҳамчунин таъкид кардааст: "Бо берун рондани мухолифон аз порлумон ва биноан аз давлатдорӣ" давлат ва ҳизби ҳоким масъулияти кунтрули вазъияти кишварро комилан ба дӯши худ гирифта ва "ба ҳосили кори Кумисиюни оштии миллӣ нуқтаи ниҳоӣ мегузоранд."

Раҳматилло Зоиров дар ин баёния афзуда, ки давлати Тоҷикистон ва Ҳизби халқи демукрот бо аз маърака хориҷ кардани мухолифонаш иштибоҳе идеулужикро муртакиб шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, вазъияти кишварро бидуни эътилоф ва ваҳдат наметавон беҳбуд бахшид. Оқои Зоиров меафзояд, ки мушкили сахттар аз ин барои давлат беҳбуд бахшидан ба вазъи худи давлат хоҳад буд.

Раҳбари сусиёл-демукротҳо исрор меварзад: "Бо хориҷ кардани мухолифон аз порлумон ба унвони танҳо ниҳоди демукротик, на давлат ва ҷомеъа, балки мақомоти давлатӣ муртакиби иштибоҳ шудаанд."

Оқои Зоиров мегӯяд натоиҷи интихобот на танҳо интихобкунандагон, балки таҳлилгаронро низ шигифтзада кардааст, ки баъдтар, ин эҳсос, ба гуфтаи ӯ, дар бархеҳо ба биму нигаронӣ ва дар бархе дигар ба дард ё ханда табдил шудааст.

Раҳматилло Зоиров дар ниҳоят ин суолҳоро матраҳ мекунад: "Бо таваҷҷуҳ ба шароити кунунӣ, бавижа пас аз қатлҳои пурсарусадо, нигаронии аслии ҷомеъа ин хоҳад буд, ки оё системи фосиде, ки ба як ҳаштпо табдил шуда, кишварро фуру нахоҳад бурд? Оё дар кишвар фароянди ҷиноишавии комили сиёсат ва сиёсишавии ҷиноят сурат нахоҳад гирифт?"

Дар ҳамин ҳол, Абдуманнон Дадозода, раиси дастгоҳи марказии Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, ин иддиъоҳои оқои Зоировро "беасос ва бедалел" хонд.

Ӯ гуфт: "Натоиҷи интихобот пас аз шумориши натоиҷи прутукулҳо аз 41 ҳавзаи интихоботӣ дар саросари кишвар эълом шудааст."

Ба гуфтаи ӯ, бо гузашти даҳ рӯз аз интихоботи порлумонӣ ба ин кумисиюн фақат ду шикоят ворид шудааст, ки яке ба Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот ва номзад аз ҳавзаи Конибодом, ва Исмоъил Талбаков, муъовини раҳбари ҳизби кумунист ва номзади ин ҳизб дар ноҳияи Ҷомӣ, таъаллуқ дорад.

Ин ду шикоят мавриди омӯзишу баррасии Кумисиюни марказии интихобот қарор дошта ва натоиҷи он дар рӯзҳои наздик мунташир хоҳад шуд. Оқои Ҳакимов мақмоти маҳаллиро дар ҳавзаи Конибодом ба фишор ва тақаллуб дар ҷараёни рақобатҳои интихоботӣ ва раъйдиҳӣ муттаҳам карда буд.

Матолиби муртабит