Укройн ақиб кашидани силоҳҳои сангин тавассути шӯришиёнро таъйид кард

  • 10 Март, 2015
Image copyright Reuters
Image caption Оқои Пурушенку гуфт, ки Укройн бахши аъзами системҳои мушакӣ ва тӯпхонаи сангинро ақиб кашидааст

Петру Пурушенку, раиси ҷумҳури Укройн, мегӯяд, ки шӯришиёни наздик ба Русия дар шарқи кишвараш миқдори “қобили таваҷҷуҳе” аз силоҳҳои сангини худро ақиб кашидаанд.

Ӯ, ки дар телевизиюни давлатӣ суҳбат мекард, гуфт, ки нерӯҳои давлатӣ ҳам бахши аъзами системҳои мушакӣ ва тӯпхонаи сангинро ақиб кашидаанд.

Бар асоси тавофуқи оташбас ки дар моҳи феврал дар шаҳри Мински Белорус имзо шуд, ҳар ду тараф бояд силоҳҳои сангинро то аввали март ақиб мекашиданд.

Ба назар мерасад, ки он оташбас алорағми даргириҳои пароканда умдатан риъоят мешавад.

Тарафҳои даргирӣ якдигарро ба нақзи оташбас ё истифода аз он барои таҷдиди қаво муттаҳам кардаанд.

Тасаввур мешавад, ки аз апрели гузашта, ки набардҳо дар ду ноҳияи шарқии Дунетск ва Луҳонск шурӯъ шуда, ҳадди ақал 6 ҳазор нафар кушта ва беш аз як милюн нафар ҳам аз хонаҳояшон гурехта бошанд.

Оқои Пурушенку се рӯз пеш се рӯз пеш шӯришиёнро ба берағбатӣ ба ақиб кашидани силоҳҳои сангин таҳти назорати байналмилалӣ муттаҳам карда буд. Маъмурони Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо ба оташбаси тавофуқшуда дар Минск назорат доранд.

Аммо ӯ рӯзи душанбе гуфт: "Укройн бахши аъзами системҳои мушакӣ ва тӯпхонаи сангинро ақиб кашидааст. Ҷангҷӯёни мавриди ҳимояти Русия ҳам бахши қобили таваҷҷуҳеро ақиб кашидаанд."

Ӯ афзуд: "Дар мавриди оташбас ҳам мешавад гуфт барқарор ҳаст ё нест, бастагӣ ба ин дорад, ки аз чи зовия бингаред."

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 15 март, замоне ки оташбас расман шурӯъ шуд, 64 сарбози укройнӣ кушта шудаанд ва кулли омори куштаҳои артиши Укройн аз замони шурӯъи шӯришҳо 1549 нафар аст.

Ду тараф қарор аст як навор ба арзи 50 то 140 килуметр вобаста ба силоҳҳои мавҷуд дар манотиқи мухталиф эҷод кунанд.

Ҳамзамон дар рӯзи душанбе як диплумоти аршади олмонӣ ба хабаргузории Оссушиэйтед Пресс гуфт, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, моҳи гузашта пазируфт, ки силоҳҳои дифоъии маргбор ба Укройн нафиристад.

Питер Витиг, сафири Олмон дар Омрико гуфт, ки оқои Убомо дар ҷараёни дидоре бо Онгело Меркел, садри аъзами Олмон. дар Кохи Сафед бо ин мавзӯъ мувофиқат карда буд чун бо хонуми Меркел ҳамназар буд, ки "бояд фазои лозим ба талошҳои диплумотик ва сиёсӣ дода шавад."

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, пас аз он дидор гуфта буд, ки агар диплумосии ҷорӣ барои поён додан ба буҳрон дар шарқи Укройн бенатиҷа бимонад, Омрико гузинаи ирсоли силоҳҳои дифоъии маргбор ба Укройнро баррасӣ хоҳад кард.

Матолиби муртабит