Муҳаммади Яздӣ, раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон шуд

  • 10 Март, 2015
Image copyright Fars

Муҳаммади Яздӣ, дабири ҷомеъаи мударисини ҳавзаи илмияи Қум бо аксарияти орои аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон ба раёсати ин маҷлис расид.

Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ҳам барои раёсати Маҷлиси хубрагон номзад шуда буд.

Дар даври аввали раъйгирӣ ба ҷуз оқоён Яздӣ ва Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ ва Муҳаммад Мӯъмин ҳам номзад будаанд, аммо оқои Ҳошимии Шоҳрӯдӣ ба далели "теъдоди кондидоҳо" инсироф додааст.

Раъйгирӣ дар даври аввал ба далели ба ҳадди нисоб нарасидани оро ба даври дувум кашида шуд ва оқои Яздӣ бо касби 47 раъй аз маҷмӯъи 73 раъй ба унвони раиси ҷадиди Маҷлиси хубрагон интихоб шуд.

24 нафар дар ин раъйгирӣ ба оқои Рафсанҷонӣ раъй додаанд ва теъдоди орои ботила 2 раъй эълом шудааст.

____________________________________________________________________

Раиси ҷадиди хубрагони раҳбарӣ

Муҳаммад Яздӣ 83-сола ва мутаваллиди Исфаҳон ба унвони чеҳрае муҳофизакор дар мансабу мақтаъҳои мухталиф дар саҳнаи сиёсии Эрон ҳузур доштааст. Ӯ дар давраҳои аввал ва дувуми Маҷлиси Шӯрои Иломӣ намоянда буд. Узвият дар ҳайъати раисаи Маҷлиси хубрагон ва ҳамин тавр шӯрои бознигарии Қонуни асосӣ аз ҷумлаи савобиқи ӯст. Оқои Яздӣ аз соли 1368 ба муддати даҳ сол раиси қувваи қазоияи Эрон буд ва солҳо ба унвони яке аз аъзои мансуби раҳбари Эрон дар шӯрои нигаҳбон ҳузур дошт. Ӯ дар ҳоли ҳозир дабири ҷомеъаи мударисини ҳавзаи илмияи Қум аст

___________________________________________________________________

Ҳафтаҳумин иҷлоси хубрагони раҳбарии Эрон субҳи рӯзи сешанбеи 10 март бо дастури таъини раёсати ин маҷлис дар Теҳрон оғоз шуд. Муҳаммадризо Маҳдавии Канӣ, раиси пешини ин маҷлис, пойизи имсол даргузашт ва раёсати муваққати он пеш аз интихоби оқои Яздӣ бар уҳдаи Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ буд.

Пеш аз ин аз оқои Ҳошимии Шоҳрӯдӣ ба унвони яке аз гузинаҳои мутаҳаммил ва мавриди тавофуқ барои раёсати Маҷлиси хубрагон ном бурда мешавад.

Image copyright TASNIM
Image caption Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, ҳам дар ифтитоҳияи иҷлоси хибрагон ҳозир шуд

___________________________________________________________________

Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Шарқ пеш аз оғози иҷлоси хубрагон:

Барои он лаҳзаи ҳассос (интихоби раҳбари оянда) ҳатман лозим нест раис бошам, кофӣ аст узви хубрагон бошам. Инсон дар хубрагон метавонад суҳбат кунад ва назарашро бидиҳад ва агар бихоҳам, таъсиргузор ҳам хоҳам буд.

__________________________________________________________________

Аз чанде пеш гумоназаниҳо дар бораи эҳтимоли ҳузури Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар ин рақобат ва сукути ӯ дар ин бора хабарсоз будааст.

Амали ҷарроҳии ахири Оятуллоҳ Хоминаӣ, раҳбари Эрон ва матраҳ шудани нигарониҳое дар бораи саломатии ӯ ҳам боъис шуда, ки ин давр аз Маҷлиси хубрагон бо ҳассосиятҳои бештаре дунбол шавад.

Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ муваззаф бар назорат ба амалкарди раҳбар аст ва аз ихтиёри барканорӣ ва таъйини ҷонишини ӯро дорад.

Пеш аз оқои Меҳдавии Канӣ, Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ раёсати хубрагонро бар уҳда дошт, аммо мухолифони ӯ ба далели он чи ки ҳамроҳии оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ бо муътаризон ба натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1388 мехонданд, хостори канор рафтани ӯ аз раёсати Маҷлиси хубрагон шуданд.

Оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар он замон аз рақобат барои интихоби раис ва аъзои ҳайъати раисаи Маҷлиси хубрагон канорагирӣ кард ва ҷои худро ба оқои Меҳдавии Канӣ дод.