Ситорагони варзиши Фаронса дар миёни даҳ кушта дар суқути чархбол

  • 10 Март, 2015

Дафтари раёсати ҷумҳурии Фаронса мегӯяд, ки се чеҳраи саршиноси варзиши Фаронса ва ҳафт шаҳрванди дигари ин кишвар дар суқути чархбол дар Оржонтин, ки ҳангоми филмбардории як намоиши телевизиюнӣ рӯй дод, кушта шудаанд.

Ҳодиса дар асари бархӯрди ду чархбол дар устони Лориуҳо дар шимоли ғарбии Оржонтин рӯй дод ва ду халабони ду чархбол ҳам ҷузви куштаҳо ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомҳои маҳаллӣ, чархболҳо дар наздикии Вило Костелӣ дар ҳудуди 1170 килуметрии Буэнус-Ойрес суқут карданд.

Ҳар ду чархбол дар амалиёти филмбардорӣ барои як барномаи телевизиюнӣ, ки дар он ширкаткунандагон бояд дар табиъати зинда бимонанд, ширкат доштанд.

Флуренс Ортод, қоиқрони фосилаи дур, Комий Муфот, шиногари Улампик ва Алексӣ Востин, буксери Улампик кушта шудаанд.

Комий Муфот, барандаи се медол дар Улампики 2012-и Ландан шуда буд ва Алексӣ Востин ҳам медоли брунзи Улампики 2008-и Пекинро гирифта буд.

Ин чархболҳо барномаи "Раҳошуда"-ро, ки як шоуи телевизиюнии маҳсуб дар коноли TF1-и Фаронса аст, филмбардорӣ мекарданд.

Дар ин барнома афроди саршинос бо чархбол ба муҳитҳои табиъӣ ва душвор мунтақил мешаванд ва бояд барои худ ғизо ва сарпаноҳ пайдо кунанд.

Иллати ҳодиса маълум нест. Мақомҳо гуфтаанд, ки шароити ҳаво дар ноҳияи кӯҳистонӣ дар маҳалли ҳодиса хуб будааст.

Сезор Онгулу, вазири амнияти Лориуҳо гуфт: "Инфиҷоре рӯй дод ва тасаввур мешавад, ки чархболҳо бархӯрд карда бошанд."

Ӯ гуфт, ки коршиносони ҳавонавардӣ мавзӯъро баррасӣ хоҳанд кард.

TF1 дар баёнияе гуфт: "Бо андӯҳи зиёд аз ҳодиса дар ҷараёни филмбардории "Раҳошуда" бохабар шудаем. Ҳама тимҳои ТTF1 дар ин лаҳзаи ваҳшатнок дар ранҷи хонаводаҳо ва бастагони қурбониён шарик ҳастанд."

Image copyright na
Image caption Мақомҳои маҳаллӣ мегӯянд: "Инфиҷоре рӯй дод ва тасаввур мешавад, ки чархболҳо бархӯрд карда бошанд."