Вокуниши нахустини як мақоми интизомӣ ба қатли Қувватов

  • 9 Март, 2015

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд кушта шудани Умаралӣ Қуватов, раҳбари эътилофи мухолифони давлати ин кишвар ангезаҳои сиёсӣ надорад.

Ин суханони Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба ИТАР ТАСС хабаргузории давлатии Русия нахустин вокуниши як мақоми баландпояи интизомии Тоҷикистон ба қатли Умаралӣ Қувватов аст.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари гурӯҳи мухолифони давлати Тоҷикистон мавсум ба "Гурӯҳи 24", рӯзи 5-уми марти соли ҷорӣ дар Туркия бар асари масмумият ва шиллики гулӯла аз сӯи афроди номаълум ба қатл расидааст.

Абдуфаттоҳи Ғоиб рӯзи 7-уми март ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки эҳтимолан Умаралӣ Қувватов қурбони шарикони собиқи тиҷориии фиребхӯрдааш шудааст. Ӯ бо ин изҳорот вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ дар қазияи қатли Умаралӣ Қувватовро баъид донистааст.

Ин дар ҳолест, ки Афви Байналмиллал, созмони мудофеъи ҳуқуқи башар рӯзи 6-уми март, пас аз кушта шудани оқои Қувватов дар Истанбул изҳороте пахш кард, дар он ангезаҳои сиёсӣ доштани ин қазияро баъид намедонад.

Дар ин изҳорот таҳти унвони “Мухолифони Тоҷикистон пас аз қатли раҳбари мухолифон дар Туркия бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд” ҳушдор дод, ки дар пайи ин ҳодиса мухолифону муъонидони давлати Тоҷикистон, бахусус ҳамроҳони оқои Қувватов, бо хатари ҷиддии суиқасд рӯбарӯ ҳастанд.

Хонаи Озодӣ, як созмони мудофеъи ҳуқуқи башари мустақар дар Омрико, низ аз давлати Туркия хостааст, ки ҳодисаи қатли Умаръалӣ Қувватов, тоҷир ва сиёсатмадори табъидии тоҷикро, ба таври фарогир таҳқиқ кунад ва омилони ин қатлро ба сазои амалашон бирасонад.