Ҳамлаи ҳавоӣ ба полоишгоҳи таҳти кунтрули Доъиш дар Сурия 14 кушта бар ҷой гузошт

  • 9 Март, 2015
Image copyright BBC World Service
Image caption Тасарруфи полоишгоҳ ва маёдини нафт нақши калидӣ дар пешравиҳои Доъиш дар Сурия ва Ироқ доштааст

Дастикам 14 нафар дар ҷараёни ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои эътилофи ба раҳбарии Омрико ба як полоишгоҳ дар шимоли Сурия, ки дар кунтрули нерӯҳои мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) аст, кушта шуданд.

Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ коркунони ин полоишгоҳ ва пайкорҷӯёни исломгаро аз ҷумлаи кушташудагони ҳамла ба ин макон ҳастанд, ки дар хориҷ аз шаҳри Тал Абяз воқеъ аст.

Дар ҳамин робита яке аз гурӯҳҳои фаъъол видеое мунташир карда, ки шӯълаҳои оташро пас аз ҳамла ба ин полоишгоҳ нишон медиҳад.

Тасарруфи полоишгоҳ ва майодини нафт нақше калидӣ дар пешравиҳои Доъиш дар Сурия ва Ироқ доштааст.

Соли гузашта Доъиш аз фурӯши нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба қочоқчиёни маҳаллӣ беш аз 100 миллиюн дулор даромад доштааст.

Ин қочоқчиён ҳам ба навбаи худ нафти харидоришударо ба давлати Сурия ва туҷҷор дар кишварҳои ҳамсоя мефурӯшанд.

Ба гуфтаи мақомоти омрикоӣ дар ҳоли ҳозир истифода аз авоиди ҳосил аз фурӯши нафт тавассути Доъиш ба далели ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи мавозеъи ин гурӯҳ коҳиш ёфтааст.

Матолиби муртабит