Путин гуфт, ки дастури илҳоқи Кириме ба Русияро қабл аз баргузории рефрондум дода буд

  • 9 Март, 2015
Image copyright BBC World Service
Image caption Путин расман дар 18 марти соли гузаштаи мелодӣ Киримеро замимаи хоки Русия кард ва ду моҳ баъд ҳам аз ин шибҳҷазира дидор кард

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия барои аввалин бор эътироф карда, ки ҳафтае қабл аз он ки шибҳнизомиёни мусаллаҳ вориди шибҳҷазираи Кириме шаванд, қасд дошта, ки ин минтақаро замимаи хоки Русия кунад.

Шибҳҷазираи Кириме расман дар 18 марти соли гузаштаи мелодӣ (2014) замимаи хоки Русия шуд.

Дар тизари филми мустанаде, ки қарор аст аз телевизиюни давлатии Русия пахш шавад, оқои Путин мегӯяд, ки чӣ гуна ба фармондеҳи сервиси амниятии Русия дастур дода то амалиёти бозгардондани шибҳҷазираи Кириме ба Русияро оғоз кунад.

Дар огаҳии таблиғотии ин мустанад оқои Путин дар бораи нишастҳое, ки дар 22 ва 23 феврали соли 2014 мелодӣ бо ҳузури руасои сервисҳои вижаи ин кишвар ва вазорати дифоъ баргузор шуд, тавзеҳоте медиҳад.

Оқои Путин дар ин бора мегӯяд: "Ман руасои сервисҳои вижаи кишвар ва вазири дифоъро ба Кремлин даъват кардам ва ба онҳо гуфтам, ки бояд ҷони (Виктор Янукович) раиси ҷумҳури Укройнро ҳифз кунанд."

Раиси ҷумҳури Русия дар идома меафзояд : "Нишасти мо дар соъати 7 субҳ поён ёфт. Ман ба ҳамаи ҳамкоронам гуфтам, ки мо бояд коре барои баргардондани Кириме ба Русия анҷом диҳем."

Image copyright AFP
Image caption Дар ин тасвир, ки дар 27 феврали соли гузаштаи мелодӣ аз вурудии порлумони Кириме гирифта шуда, плокорде дида мешавад, ки бар рӯйи он навишта шуда "Кириме Русия аст"

Чаҳор рӯз баъд дар рӯзи 27 феврали соли 2014 афроди мусаллаҳи ношиносе порлумони Кириме ва сохтмонҳои давлатиро дар ин шаҳр ба ишғоли худ дароварда ва парчами Русияро бар фарози сохтмонҳо барафроштанд.

Пас аз он ҳамапурсии ҷудоии Кириме аз Укройн дар 16 марти соли гузаштаи мелодӣ баргузор шуд ва ду рӯз баъд яъне дар 18 март бо имзои оқои Путин ин минтақа расман замимаи хоки Русия шуд.

Амалиёти илҳоқи Кириме ба Русия дар он замон махфӣ нигаҳ дошта шуд ва Русия ҳар гуна дахолате дар ин мавридро такзиб кард.

Ин мустанад, ки қарор аст ба зудӣ аз телевизиюни Русия пахш шавад тавассути Андрей Кондрашов, аз рӯзноманигорони собиқи ин кишвар сохта шудааст.

Аз моҳи феврали соли гузаштаи мелодӣ, ки Русия шибҳҷазираи Киримеро замимаи хоки худ кард, Омрико ва муттаҳидони ғарбиаш таҳримҳои густардае алайҳи Русия вазъ кардаанд.

Кишварҳои ғарбӣ инзимоми Кириме ба Русияро муғойири қавонини байналмилалӣ донистаанд.

Укройн гуфтааст, ки ҳаргиз илҳоқи Кириме ба Русияро ба расмият нахоҳад шинохт.

Матолиби муртабит