Амалиёти пешмаргҳои курд алайҳи Доъиш дар ғарби Киркук

  • 9 Март, 2015
Image copyright Reuters
Image caption Нерӯҳои пешмарги курд дар атрофи Киркук

Нерӯҳои пешмарги курд дар шимоли Ироқ амалиёти тозаеро барои ақаб рондани шибҳинизомиёни гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) аз атрофи шаҳри Киркук оғоз кардаанд.

Фармондеҳони курд мегӯянд ин амалиёт бо ҳимояти ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои эътилофи алайҳи Доъиш ба раҳбарии Омрико дар ҳоли анҷом аст.

Гузоришгари Руйтерз, ки ба хати муқаддами амалиёти рафта, имрӯз душанбе, 9 март гузориш дод, ки нерӯҳои пешмарги курд дар ҳоли гулӯлаборони мавозеъи Доъиш ҳастанд ва дар чанд ҷабҳа дар ғарби ин шаҳр пешравиҳо доштаанд.

Гузоришҳо ҳамчунин ҳокӣ аз даргирии сангин миёни нерӯҳои курд ва Доъиш дар шимоли ғарби Киркук аст.

Сойти телевизиюни Рудов дар Курдистони Ироқ ҳам ба нақл аз яке аз фармондеҳони курд аз пешравии 20 килуметрӣ дар ҷануби Киркук хабар дода ва гуфта ин амалиёт бидуни муқовимати ҷиддӣ аз суи нерӯҳои Доъиш дар ҳоли анҷом аст.

Нерӯҳои курд тобистони гузашта ва дар пайи нокомии артиши Ироқ дар мувоҷиҳа бо нерӯҳои Доъиш кунтрули шаҳри Киркукро ба даст гирифтанд.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ дар минтақа осебпазир будани ин шаҳри нафтхез дар баробари ҳамалоти Доъиш ва аҳамияти ҳифзи он барои курдҳо боъис шуда, ки амалиёти тоза барои ақаб рондани Доъиш аз атрофи он оғоз шавад.

Амалиёти Киркук дар ҳоле шуруъ шуда, ки дар ҷабҳаи дигар нерӯҳои артиши Ироқ бо ҳамроҳии шибҳинизомиёни шиъаи мавриди ҳимояти Эрон дар ҳоли талош барои пас гирифтани шаҳри Тикрит (дар 140 килуметрии шимоли Бағдод) аз шибҳинизомиёни Доъиш ҳастанд.

Матолиби муртабит