Пахши ин фойл дар дастгоҳи шумо пуштибнӣ намешавад

Аз ду суи Ому: Рӯзи зан ва модар дар ду суи руд

9 Март, 2015 Ба рӯз шуда дар 18:59 +05

"Аз ду суи Ому" унвони барномаи‌ ҳафтагии Дориюши Раҷабиён аст, ки рӯзҳои душанбе аз "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш мешавад.

Барномаи ин ҳафта вижаи рӯзи байналмилалии зан аст, ки дар Тоҷикистон расман "Рӯзи модар" унвон шуда. Ду тарона аз Тоҷикистон аз Парвини Муҳаммадёр ва Валиҷони Азиз ба мавзуъи модар ихтисос дорад. Парвини Муҳаммадёр таронаи тозаеро шахсан барои шунавандагони барнома муаррифӣ мекунад. Дар ин барнома паёми вижаи Мужда Ҷамолзода аз Афғонистонро ҳам мешунавем, ки ба муносибати рӯзи зан пахш карда, ҳамроҳ бо таронаи "Духтари афғон"-и ӯ. Дар бахши пешкисватони барнома таронаи мондагор аз Муқаддас Набиева аз Тоҷикистонро дорем, ки ҳудуди чиҳил сол пеш дар як тасодуф даргузашт.

Ин барнома дар бомдоди душанбе, 18 исфандмоҳи 1393 (9 марти 2015) дар "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш шудааст.

Барои шунидани матолиби дигари родиюи Би-би-сӣ ба сафҳаи родию муроҷаъа кунед.