Сафари намояндагони ОБЭА ба Теҳрон барои рафъи "ду ибҳоми" боқимонда

  • 9 Март, 2015
Image copyright AP

Намояндагони Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ ба риёсати Теру Ворюронто, муъовини ожонс, ва Мосиму Опору, раиси бозрасони ин ниҳод, вориди Теҳрон шудаанд.

Ба гуфтаи мақомҳои эронӣ, гуфтугӯ дар бораи ду мавзӯъи ҳалнашуда аз марҳилаи севуми ҳамкориҳои дуҷониба аз далоили аслии ин сафар аст.

Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ (ОБЭА) эълом кардааст, ки Эрон ҳанӯз дар мавриди ду ибҳоми боқимонда, шомили озмоиши маводди мунфаҷираи пурқудрат ва таҳқиқот дар мавриди интиқоли нутрун "тавзеҳи қонеъкунандае надодааст."

Ин дар ҳоле ки бар асоси тавофуқи анҷомшуда дар моҳи майи соли 2014 Эрон қарор буда дар бораи ин мавзӯъот тавзеҳот ва иттилоъоти кофӣ дар ихтиёри ожонс қарор диҳад.

Беҳрӯзи Камолвандӣ, муъовин ва сухангӯи Созмони энержии атумии Эрон, дар бораи "инфиҷорҳои Маривон" ба Ирно, хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломӣ, гуфтааст: "Ба ожонс эълом кардем, ки агар шумо фикр мекунед инфиҷорҳое сурат гирифтааст, макони онро мушаххас кунед, то мо ба шумо дастрасӣ (мудириятшуда) бидиҳем."

Дар бораи ибҳоми дувум, яъне интишори мақолоте дар робита бо муҳосиботи нутрунии реоктурҳои атумӣ, оқои Камолвандӣ изофа кардааст: "Тавзеҳоти ироашуда аз сӯи мо кофӣ буда ва бештар аз ин тавзеҳи хоссе надорад."

Ба гуфтаи мақомҳои Эрон, то замоне ки ин ду мавзӯъ ниҳоӣ нашавад, гомҳои баъдии гуфтугӯ бо ожонс оғоз нахоҳад шуд.

Сухангӯи Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ пештар таъкид карда буд: "Бадафаъот ба таври возеҳ барои Эрон тавзеҳ дода шуда, ки пешниҳоди боздид аз Маривон наметавонад ба ин ки нигарониҳо дар бораи озмоишҳои маводди мунфаҷира дар ҳаҷми зиёд бартараф шавад, кумаке бикунад."

Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ мехоҳад ба ҷуз Маривон ба сойти Порчин ҳам дастрасӣ дошта бошад.

Сафари коршиносони Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ ба Теҳрон дурӯза хоҳад буд.

Сухангӯи Созмони энержии атумии Эрон аз гузориши ахири Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ интиқод карда ва гуфтааст Эрон дар бораи ду мавзӯъи ахир "тавзеҳоти қонеъкунанда" ироа карда, аммо дар гузориши ожонс бахубӣ мунъакис нашудааст.

Дар канори музокирот ва боздидҳои коршиносони Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ, Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ барои ҳалли ихтилофот бар сари барномаи ҳастаӣ машғули музокира ҳастанд.

Матолиби муртабит