Яке аз дастгиршудагон ба мушорикат дар қатли Борис Немтсов эътироф кард

  • 8 Март, 2015
Image copyright epa
Image caption Расонаҳои русӣ гузориш кардаанд, ки чаҳор нафар аз ин афрод аз Қафқози Шимолӣ омада ва дар ҷумҳурии Ингушетия, ки бо Чечен ҳаммарз аст, дастгир шудаанд

Додгоҳе дар Маскав мегӯяд, ки яке аз панҷ нафаре, ки дар иртибот бо қатли Борис Немтсов, сиёсатмадори мухолифи давлати Русия боздошт шудаанд , эътироф карда, ки дар тирандозии як ҳафтаи пеш дахолат доштааст.

Борис Немтсов, муъовини собиқи нахуствазири Русия ва аз мунтақидони саршиноси Владимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар рӯзи 27 феврал дар Маскав ба зарби гулӯла ба қатл расид.

Заур Додоев, яке аз муъовинини собиқи фармондеҳии пулиси чечен ва Анзор Губашев, ки барои як кумпонии хусусии амниятӣ дар Маскав кор мекард, рӯзи гузашта дар ҷумҳурии Ингушетия, ки дар ҳамсоягии Чечен воқеъ аст, дастгир шуданд.

Ҳардуи ин афрод ба қатли Борис Немтсов муттаҳам шудаанд, ҳарчанд Анзор Губашев ҳар гуна дахолате дар инро рад кардааст.

Се мазнуни дигар ҳам, ки имрӯз дар додгоҳ ҳозир шудаанд, изҳори бегуноҳӣ кардаанд, аммо яке аз намояндагони тими таҳқиқотӣ ба додгоҳ гуфтааст, ки шавоҳиде ҳокӣ аз дахолати онҳо дар ин қатл вуҷуд дорад.

Ин се нафар ҳам камтар аз як ҳафта пеш дар иртибот бо қатли Борис Немтсов боздошт шуданд.

Image copyright afpgettynataliakolesnikova
Image caption Кремлин қатли оқои Немтсовро маҳкум карда ва Владимир Путин хоҳони поён додан ба қатлҳои сиёсии "шармовар" дар Русия шудааст

Борис Немтсови 55 сола дар ҳоле ки ҳамроҳи дӯстдухтараш рӯйи пуле дар Маскав қадам мезад, бо шиллики чаҳор гулӯла аз пушт кушта шуд. Ӯ рӯзи сешанбеи гузашта дар Маскав ба хок супурда шуд.

Кремлин қатли оқои Немтсовро маҳкум карда ва Владимир Путин хоҳони поён додан ба қатлҳои сиёсии "шармовар" дар Русия шудааст.

Матолиби муртабит