Арабистони Саъудӣ бузургтарин воридкунандаи таслиҳот дар соли гузашта

  • 8 Март, 2015
Image copyright AFP
Image caption Арабистони Саъудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар маҷмуъ 8.7 милёрди дулор системи дифоъӣ дар соли гузашта харидорӣ карданд

Бар асоси гузориши ҷадиде дар бораи мизони ҳазинаҳои дифоъии кишварҳои ҷаҳон Арабистони Саъудӣ дар соли гузашта бо пешӣ гирифтан аз Ҳинд бузургтарин воридкунандаи таслиҳот дар ҷаҳон будааст.

Ин дар ҳоле аст ки Омрико ҳамчунон бузургтарин содиркунандаи таслиҳот дар ҷаҳон аст ва пас аз он кишвар Русия ва Фаронса қарор гирифтаанд.

Ҳазинаи дифоъии Арабистони Саъудӣ дар соли гузашта 54 дарсад афзоиш дошта ва ба шашу ним милёрд дулор расида, ин дар ҳоле аст ки воридоти таслиҳоти Ҳинд 5,8 милёрд дулор будааст.

Дар ин гузориш пешбинӣ шуда, ки кулли воридоти таслиҳот дар соли ҷорӣ ба мизони 52 дарсад афзоиш дошта бошад ва ба 9,8 милёрд дулор дар соли ҷорӣ бирасад.

Ба гуфтаи таҳлилгарони дифоъӣ дар ширкати иттилоъотии (IHS), Ҳинд аз радаи панҷуми кишварҳои воридкунандаи таслиҳот ба радаи сеюм суъуд кардааст.

Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта шуда, ки тиҷорати таҷҳизоти низомӣ дар соли гузашта беш аз 13 дарсад афзоиш дошта, ки ин афзоиш ношӣ аз шиддат гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна ва минтақаи Осиё- Уқёнусия будааст.

Бен Мурис, нависандаи ин гузориш гуфтааст: "Шумо шоҳиди танишҳои сиёсӣ дар минтақа ҳастед ва дар айн ҳол даромади ҳосил аз нафт ба кишварҳо имкон медиҳад то барои ҳифозат худро ба таслиҳоти пешрафта муҷаҳҳаз карда ва афкор ва ақоиди худро таҳмил кунанд . "

Ба гуфтаи Девид Куртройт, мудири маркази мутолеъоти сиёсӣ дар донишгоҳи Нутердом Арабистони Саъудӣ дар ҳоле ба афзоиши таҷҳизоти низомӣ мубодират карда, ки нигарониҳое дар мавриди тағйири вазъияти жиупулитикии Ховари Миёна вуҷуд дорад.

Бузургтарин зинафъ аз афзоиши бозори хариди таслиҳот дар Ховари Миёна Омрико аст, ки дар соли гузашта 8.4 милёрд маҳмула таслиҳот ба минтақаи Ховари Миёна ирсол карда, ки ин мизон 6 милёрд дулор бештар аз соли қабл аз он, яъне 2013 аст.

Арабистони Саъудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар маҷмуъ 8,7 милёрд дулор системи дифоъӣ дар соли гузашта харидорӣ карданд, ки ин мизон бештар аз воридоти тамомии кишварҳои ғарбӣ аст.

Матолиби муртабит