Беш аз сад хонаводаи ӯзбакистонӣ дар шимоли Афғонистон ба Толибон пайвастаанд

  • 8 Март, 2015
Image caption Форёб дар шимоли Афғонистон аз вилоёти нисбатан ноамн аст

Мақомҳои маҳаллии вилояти Форёб дар шимоли Афғонистон мегӯянд, ки беш аз сад хонавода аз ҷангҷуёни ӯзбакистонӣ дар ин вилоят ба Толибон пайвастаанд.

Бештари ин ҷангҷӯён дар вулусволии Қайсор дар вилояти Форёб ҳузур доранд.

Қайсор аз вулусволиҳои ноороми вилояти Форёб аст, ки мухолифони мусаллаҳ дар он нуфузи густарда доранд.

Ҷовид Бедор, сухангӯи волии Форёб мегӯяд, ки ҷангҷӯёни ӯзбакистонӣ дар вулусволии Қайсор ҳузур доранд ва дар суфуфи Толибон фаъолият мекунанд. Дар чандин амалиёт дар ин вулусволӣ ҳам чандин ӯзбакистонӣ кушта шуданд.

Аммо ҳузур ва фаъолияти ӯзбакистониҳо танҳо маҳдуд ба вулусволии Қайсор нест.

Абдулҷамил Сиддиқӣ, вулусволи Қайсор мегӯяд, ки беш аз сад хонаводаи ӯзбакистонӣ ба вилояти Форёб омадаанд ва шуморе аз онҳо дар рустоҳое дар вулусволии Алмор ҳам ҳузур доранд.

Ӯ мегӯяд, ки ин ҷангҷуёни ӯзбакистонӣ бештар дар бахши сохти минҳои канориҷодаӣ нақш доранд ва гаҳгоҳе амалан дар ҷабҳаҳо ҳам бо нерӯҳои давлатӣ меҷанганд.

Мақомҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки агар давлати Афғонистон дар муқобили ин нерӯҳои тоза вориди иқдом нашавад, мумкин вазъияти амниятӣ дар ин манотиқи вилояти Форёб вахимтар шавад.

Ҳизбуттаҳрир ва Ҷунбиши исломии Узбакистон аз ҷумлаи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии Узбакистон ҳастанд, ки дар шимоли Афғонистон дар даврони ҳукумати Толибон низ бо ин гурӯҳ дар Афғонистон ҳамкорӣ доштанд.

Матолиби муртабит