Ошӯби хунини зиндониён дар шимоли Афғонистон

  • 8 Март, 2015
Image caption Фармондеҳи пулиси Ҷавзҷон мегӯяд аксари зиндониёни юришгар "хатарнок" ҳастанд.

Имрӯз даргирии хунине миёни зиндониён ва масъулини зиндон дар вилояти Ҷавзҷон дар шимоли Афғонистон рух дод.

Дар натиҷаи ин даргирӣ то кунун як зиндонӣ ва ду маъмури зиндон кушта ва даҳ зиндонӣ ва як маъмури зиндон захмӣ шудаанд.

Зиндониёне, ки даст ба ошӯб задаанд, зиндониёни вилояти Сарипул ҳастанд, ки дар зиндони вилояти Ҷавзҷон нигаҳдорӣ мешаванд.

Фақир Муҳаммад Ҷавзҷонӣ, фармондеҳи пулиси Ҷавзҷон ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз пойтахт ба онҳо дастур дода шуда буд, ки ба хотири иттилоъоте мабнӣ бар дохил шудани аҷноси ғайриқонунӣ чун чоқу ба бахши зиндониёни Сарипул бояд зиндониён бозрасӣ шаванд.

Аммо ӯ мегӯяд зиндониён, ки ба онҳо шоеъоте дар мавриди интиқолашон ба зиндони Пуличархии Кобул расида буд, ба маъмурини бозрасӣ ҳамла карданд.

Ба гуфтаи вай зиндониён нахуст панҷ нафар аз маъмурини зиндонро бо чоқу захмӣ карданд ва се нафари дигарро асир гирифтанд.

Оқои Ҷавзҷонӣ гуфт, ки зиндониён баъдан ба пусти амниятии бахшашон ҳамла карда ва талош карданд силоҳи маъмуринро бигиранд.

Фармондеҳи пулиси Ҷавзҷон мегӯяд, ки маъмурини зиндон маҷбур шуданд барои дифоъ аз худашон шиллик кунанд, ки дар натиҷа як зиндонӣ кушта ва даҳ зиндонӣ захмӣ мешавад.

Зиндониён дар посух ба ин талафот ду асири бахши мудирияти зиндонро мекушанд ва маъмури бахши ҷиноиро оташ мезананд.

Аммо ба гуфтаи оқои Ҷавзҷонӣ маъмури бахши ҷиноӣ наҷот ёфта ва ҳануз зинда аст.

Барои поёни ин ошӯб ва гуфтугӯ бо зиндониён намояндагони Шурои вилоятии Ҷавзҷон ба ин зиндон рафтаанд.

Зиндониён дар гуфтугӯ бо ин намояндагон аз бархурди нодурусти маъмурини зиндон шикоят кардаанд ва мегӯянд, ки бо онҳо "монанди инсон рафтор намешавад."

Акнун аҷсоди маъмурини зиндон ва маъмури ҷиноии захмӣ низ назди зиндониён аст, аммо фармондеҳи пулиси Ҷавзҷон мегӯяд, ки панҷ маъмури бозрас, ки дар оғози ҳамла захмӣ шуда буданд, ба шифохона интиқол ёфтанд ва вазъияти умумиашон хуб аст.

Ба гуфтаи оқои Ҷавзҷонӣ зиндониёни юришгар аксаран зиндониёни "хатарнок" ҳастанд, ки ба ҳабси абад ва ё эъдом маҳкум шудаанд ва ё дар ҳамалоти терруристӣ даст доштаанд.

Акнун беш аз ҳафтсад зиндонӣ ба шумули зиндониёни Сарипул дар зиндони вилояти Ҷавзҷон нигаҳдорӣ мешаванд.

Беш аз дусад зиндонии вилояти Сарипул наздик ба се сол пеш замоне ба вилояти Ҷавзҷон интиқол дода шуда буданд, ки гурӯҳи Толибон ба зиндони Сарипул ҳамла кард.

Авоили соли 1391 дар ҳамлаи Толибон ба зиндони Сарипул се нафар кушта ва беш аз сӣ нафар захмӣ шуданд. 23 зиндонӣ низ дар ин рӯйдод аз зиндон фирор карда буданд, ки шуморе аз онҳо дубора боздошт шуданд.

Толибон масъулияти ин ҳамларо дар он замон ба ӯҳда гирифтанд ва иддиъо карданд, ки даҳҳо тан аз зиндониёнашонро фирор додаанд.

Матолиби муртабит