Вокуниши созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ба қатли Умаръалӣ Қувватов

  • 7 Март, 2015
Қувватов Image copyright BBC World Service
Image caption Оқои Қувватов бо яке аз домодҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ихтилофоти ҷиддӣ пайдо карда буд

Хонаи Озодӣ, як созмони мудофеъи ҳуқуқи башари мустақар дар Омрико, аз давлати Туркия хостааст, ки ҳодисаи қатли Умаръалӣ Қувватов, тоҷир ва сиёсатмадори табъидии тоҷикро, ба таври фарогир таҳқиқ кунад ва омилони ин қатлро ба сазои амалашон бирасонад.

Сӯзон Курк, мудири барномаи Уруосиёи ин созмон, дар вокуниш ба қатли оқои Қувватов, ки шаби 5 март дар Истонбул ба вуқӯъ пайваст, баёнияе интишор дода ва қатли ӯро маҳкум кардааст.

Хонум Курк гуфтааст: "Мо аз қатли раҳбари мухолиф Умаръалӣ Қувватов, ки ҳамаи нишонаҳои як терурро дорад, шигифтзада ҳастем. Ин ҳодиса ба ҳамаи ононе, ки шуҷоъати интиқод аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро, доранд, паёми маъюскунандае мефиристад. Давлати Туркия бояд ин қатлро ба таври фарогир таҳқиқ кунад ва омилонро ба сазояшон бирасонад."

Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлати Тоҷикистон ҳанӯз ҳеч вокунише ба ҳодисаи қатли Умаръалӣ Қувватов дар Истонбул накардаанд. Тарафдорони ӯ ин ҳодисаро кори дасти маъмурони амниятии Тоҷикистон медонанд, вале бархе аз коршиносони маҳаллӣ дар ин амр ибрози тардид кардаанд.

Қатли суфоришӣ?

Созмони ҳуқуқи башари Афви Байналмилал низ рӯзи 6 март бо интишори гузорише вижа дар бораи қатли Умаръалӣ Қувватов дар Истонбул ҳушдор дода, ки дар пайи ин ҳодиса мухолифону муъонидони давлати Тоҷикистон, бахусус ҳамроҳони оқои Қувватов, бо хатари ҷиддии суиқасд рӯбарӯ ҳастанд.

Ин созмон мегӯяд оқои Қувватов ва аъзои хонаводааш дар гузашта ба ин созмон хабар дода буданд, ки таҳдидҳое алайҳи онон сурат гирифтааст. Бархе аз ҳамандешонаш ҳам ба ӯ дар бораи ин ки гӯё аз мақомоти баландпояи тоҷик "суфориши" сӯиқасд ба ҷони онон шуда, иттилоъоти маҳрамонае додаанд.

Дар гузориши ин созмон ҳам омада, ки қатли Умаръалӣ Қувватов ба сиёсатмадорони мухолифи давлати Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар паёми ҷиддӣ ва маъюскунандае мефиристад.

Image copyright BBC World Service
Image caption Оқои Қувватов дар асари шиллики гулӯла ба сараш кушта шудааст

Денис Кривушеев, муъовини мудири бахши Урупо ва Осиёи Миёнаи Афви Байналмилал гуфтааст: "Мақомоти Туркия бояд ба ин қатли ғайриқонунӣ расидагии мунсифона, муассир ва бедиранг кунанд, ҳақиқатро ошкор созанд ва омилони ин ҷурмро ба сазои амалашон расонанд."

Вай афзудааст: "Мо гузоришҳое аз таҳдиди қатл ва сӯиқасд ба ҷони мухолифони давлати Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар тайи солҳои ахир дарёфт кардаем, аммо ин нахустин мавриди қатли воқеъии як фаъъоли сиёсии тоҷик аст. Суоли матраҳ ин аст, ки акнун ҷони чанд тани дигар дар хатар аст?"

Афви Байналмилал ҳамзамон ёдовар шуда, ки дар солҳои ахир шахсиятҳои матраҳе аз кишварҳои дигар ҳам, ки аз бими таъқибу шиканҷа ба Туркия паноҳ бурда буданд, дар ин кишвар аз сӯи гумоштаҳои хориҷӣ кушта шудаанд. Шуморе аз шӯришиёни собиқи Чеченистон ва як имоми масҷид аз Узбакистон, ки аз давлати он кишвар ҳамвора интиқод мекард, аз ҷумлаи қурбониёни ин сӯиқасдҳо будаанд.

Оқои Кривушеев гуфтааст, ки мақомоти Туркия бояд амнияти ҳамаи касонеро, ки аз таъқибу саркӯб аз Тоҷикистон ё ҳар кишвари дигаре ба инҷо паноҳ мебаранд, таъмин кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, паноҳандагони тоҷик дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия низ, ки мухолифони сиёсӣ ва мазҳабӣ дар онҷо ҳамвора бо хатари рабудану фиристодани иҷборӣ ба Тоҷикистон рӯбарӯ ҳастанд, ба сар мебаранд.

Масмумият аз ғизо

Қатли Умаръалӣ Қувватов ду рӯз пас аз он сурат гирифт, ки додгоҳе дар Тоҷикистон як нафарро ба иттиҳоми узвият дар "Гурӯҳи 24" барои 17 сол ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе Умедҷон Солеҳовро дар талош барои сарнагунии давлат ва тавҳин ба раиси ҷумҳурии ин кишвар муҷрим шинохта, вале худи ӯ ин иттиҳомотро рад кардааст.

Афроди наздик ба хонаводаи Умаръалӣ Қувватов мегӯянд, ки қабл аз кушта шуданаш ӯ ва ҳамсару ду фарзандаш дар меҳмонии фарде, ки гӯё се моҳ қабл ба "Гурӯҳи 24" пайваста буд, масмум шудаанд. Пас аз сарфи ғизо вазъи саломати онҳо бад шуда ва вақте мехостанд ба бемористон раванд, оқои Қувватов дар берун аз манзил ҳадафи шиллики гулӯла қарор гирифтааст.

Image copyright BBC World Service
Image caption Гузоришҳо ҳокист, ки пеш аз қатли Умаръалӣ Қувватов вай, ҳамсар ва ду фарзандаш дар як меҳмонӣ масмум шуда буданд

Ин хабарро расонаҳои Туркия низ дар истинод ба манобеъи бемористонӣ таъйид карда ва нивиштаанд, ки алоими масмумият дар ҳамсар ва ду фарзанди кӯчаки оқои Қувватов ошкор шудааст.

Соҳибназарон мегӯянд, ки дар моҳҳои ахир Умаръалӣ Қувватов бо ҳузури густардааш дар расонаҳои иҷтимоъӣ ва маҳбубияти рӯзафзунаш дар миёни мардум, бавижа муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигар, таҳдиде ҷиддӣ барои мақмоти тоҷик маҳсуб мешуд.

Умаръалӣ Қувватов, тоҷири маъруф, ки дар гузашта аз шарикони тиҷории бархе аз аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, буд, дар тобистони 2012 ин кишварро тарк кард ва бо шуморе аз ҷонибдоронаш дар Русия эътилофе ба номи "Гурӯҳи 24"-ро таъсис дод.

Вай аз соли 2001 то 2012 аз шарикони тиҷории яке аз домодҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва молики бахше аз саҳоми ширкати "Фароз" будааст, ки барои нерӯҳои Ноту дар Афғонистон маводди сӯхтӣ мебурд.

Вале пас аз фирор аз Тоҷикистон оқои Қуватов аъзои хонаводаи раисҷумҳурро муттаҳам кард, ки онҳо гӯё талош доштаанд амвол ва дороиҳои ӯро ба тасарруфи худ дароваранд. Мақомоти тоҷик низ алайҳи ӯ парванда боз карда ва ӯро ба фасод ва сирқати амвол муттаҳам карданд.

"Гурӯҳи 24" дар моҳи октябри гузашта ҳамроҳ бо ҷунбиши "Ватандор" ва "Ҷавонони тоҷик барои эҳёи Тоҷикистон", ду гурӯҳи дигари мухолифи давлат, фарохоне умумӣ барои роҳпаймоии эътирозӣ алайҳи давлати Эмомалӣ Раҳмон ба торихи 10 октябри 2014 интишор доданд.

Мақомоти тоҷик бо баргузории тамриноти пулиси зиддишӯришӣ ва қатъи иртибототи телефун ва интернет дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ҷилави ҳар гуна эътирозро гирифтанд. Дар пайи ин фарохон Додгоҳи олии Тоҷикистон "Гурӯҳи 24"-ро ифротгаро хонд ва фаъъолияташро дар кишвар мамнӯъ кард.

Оқои Қувватов пеш аз ин як бор дар Дубай ва бори дигар дар моҳи декабри гузашта дар Истонбул боздошт шуд. Мақомоти тоҷик дар ҳарду маврид аз мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Туркия хоҳони истирдоди ӯ ба Тоҷикистон шуда буданд, вале додгоҳҳои Дубай ва Истонбул монеъ аз ин кор шуданд.

'Вазъи бади ҳуқуқи башар' дар Тоҷикистон

Афви Байналмилал мегӯяд, ки вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар чанд моҳи ахир, бавижа дар остонаи интихоботи порлумонии 28 феврал, рӯ ба вахомат гароидааст. Мақомот ҳаққи мардум ба озодии баёнро ҳамвора зери по карда ва ҳеч фазое барои интиқоди норозиён боқӣ нагузоштаанд.

Ба гуфтаи ин созмон, бисёре аз мухолифони давлати Тоҷикистон ва афроди муттаҳам ба ифротгароии мазҳабӣ дар ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ дар солҳои ахир рабуда ва иҷборан ба ин кишвар фиристода шудаанд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Афви Байналмилал мегӯяд ниҳодҳои амниятии Русия ва Тоҷикистон дар мавориди зиёди одамрабоӣ ва табодули мухолифон бо ҳам ҳамдастанд

Ин созмон мегӯяд мавориди зиёде аз ҳамдастии ниҳодҳои амниятии Русия ва кишварҳои Осиёи Миёнаро дар одамрубоӣ, нопадид шудан, истирдоду интиқоли ғайриқонунӣ, боздошту шиканҷаи афроде, ки бо ангезаҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва иқтисодӣ мавриди пайгард ҳастанд, сабт кардааст.

Афви Байналмилалӣ аз ҷумла ба сарнивишти Мақсуд Иброҳимов, раиси ҷунбиши сиёсии "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" ишора кардааст. Вай дар моҳи октябри гузашта аз сӯи мақмоти интизомии Русия боздошт шуда буд, вале ҳамон рӯз бо дастури додситонӣ ба хотири доштани табаъияти Русия озод шуд.

Як моҳ баъд оқои Иброҳимов ӯ ҳадафи ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт, вале зинда монд. Аъзои хонаводааш мегӯянд, ки рӯзи 20 январ ӯ аз манзилаш дар Маскав рабуда шудааст. Аммо рӯзи 30 январ Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ӯ дар боздоштгоҳе дар Тоҷикистон аст.

Афви Байналмилал мегӯяд, ки қазоёи марбут ба Умаръалӣ Қувватов ва Мақсуд Иброҳимов ба феҳристи мухолифони давлати Тоҷикистон, ки дар гузашта ба хориҷ аз ин кишвар паноҳ бурда, вале ҳадафи хушунат, озору азият ва қатлу сӯиқасд қарор гирифтаанд, афзуда мешавад.

Ин созмон хостори поён додан ба қатлу саркӯби мухолифони давлати Тоҷикистон шуда ва гуфтааст, ки омилони қатлу хушунатҳои дорои агезаҳои сиёсӣ бояд ба сазои аъмолашон бирасанд.

Матолиби муртабит