Ду нафар дар иртибот бо қатли сиёсатмадори мухолифи рус дастгир шуданд

  • 7 Март, 2015
Image copyright BBC World Service

Раиси Созмони иттилоъот ва амнияти Русия аз дастгирии ду мард дар иртибот бо қатли Бурис Немтсуф, сиёсатмадори мухолифи давлати Русия, хабар додааст.

Бурис Немтсуф, муъовини асбақи нахуствазири Русия ва аз мунтақидони аслии Влодимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар, рӯзи 27 феврал дар Маскав ба зарби гулӯла ба қатл расид.

Олексондер Буртникуф, раиси Эфэсбӣ ё Созмони иттилоъот ва амнияти Русия, номи афроди дастгиршударо Анзур Губошуф ва Зоур Додоюф муъаррифӣ карда ва гуфта оқои Путин дар ҷараёни дастгириҳо қарор гирифтааст. Оқои Буртникуф гуфта, ки афроди боздоштшуда сокинони Қафқоз ҳастанд.

Михоил Федутуф, раиси шӯрои ҳуқуқи башари риёсати ҷумҳурии Русия, гуфтааст, ки ниҳодҳои интизомӣ бояд ҳамаи афроди ҳамдаст дар қатли оқои Немтсуфро шиносоӣ ва дастгир кунанд.

Вай афзуда: "Бисёр муҳим аст, ки ҳам омилон ва ҳам суфоришгарони ин ҷурми бешармона ва манфур пайдо карда шаванд. Ба ин манзур бояд ҳамаи афроди ҳамдаст дар ин ҷурм шиносоӣ шаванд."

Никулой Куволуф, раиси собиқи Эфэсбе ва узви кумитеи Думои давлатӣ дар умури амният ва муқобала бо ҷароим, низ хостори шиносоии омилони ин ҷурм шудааст.

Илё Ёшин, яке аз ҷонибдорони наздики Бурис Немтсуф дар ҳизби "Порнос" ва ҷунбиши "Сулидорнуст" (Ҳамбастагӣ) гуфтааст: "Умедворем касоне дастгир шуда бошанд, ки дарвоқеъ дар ин ҷурм даст доранд, умедворем ин иштибоҳ набошад, балки аз фаъъолияти муассир ва бокайфияти ниҳодҳои интизомӣ навид бидиҳад. Дар ҳоли ҳозир ҳанӯз наметавон дар ин бора пешдоварӣ кард."

Кремлин қатли оқои Немтсуфро маҳкум карда ва Влодимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, хоҳони поён додан ба қатлҳои сиёсии "шармовар" дар ин кишвар шудааст. Оқои Путин қаблан гуфта буд, ки худаш бар ҷараёни расидагӣ ба ин ҳодиса назорат хоҳад кард.

Бо вуҷуди ин, шуморе аз мухолифон, аз ҷумла Олексӣ Новолнӣ, аз чеҳраҳои аслии мухолифи оқои Путин, давлатро ба даст доштан дар қатли оқои Немтсуф муттаҳам кардаанд.

Бурис Немтсуфи 55-сола дар ҳоле ки ҳамроҳи дӯстдухтараш рӯи пуле дар наздикии Кремлин дар Маскав қадам мезад, шаби 27 ба 28 феврал бо шиллики чаҳор гулӯла аз пушт кушта шуд.

Қатли ӯ фаъъолони иҷтимоъӣ ва раҳбарони сиёсӣ дар Русия ва берун аз ин кишварро ваҳшатзада кард.

Рӯзи аввали март даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони Русия дар роҳпаймоии гиромидошти хотираи Бурис Немтсуф дар Маскав ва шаҳрҳои дигари ин кишвар ширкат карданд.

Бурис Немтсуф рӯзи сешанбеи гузашта дар Маскав ба хок супурда шуд.

Матолиби муртабит