Артиши Ироқ шаҳри Албағдодиро аз Доъиш пас гирифт

  • 7 Март, 2015
Шаҳри Албағдодӣ Image copyright Reuters
Image caption Шаҳри Албағдодӣ моҳи қабл ба дасти Доъиш уфтода буд

Артиши Омрико эълом кард, ки нерӯҳои ироқӣ бо берун рондани шибҳинизомиёни гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" (Доъиш) аз шаҳри Албағдодӣ тавонистаанд бар се пули рӯди Фурот тасаллут ёбанд.

Албағдодӣ, ки моҳи қабл ба дасти Доъиш уфтода буд, дар ҳашткилуметрии пойгоҳи ҳавоии Айнулъасад қарор дорад, ки дар он садҳо нерӯи омрикоӣ дар ҳоли омӯзиши сарбозони ироқӣ ҳастанд.

Ситоди фармондеҳии артиши Омрико бо интишори баёнияе гуфтааст, ки суқути шаҳри Албағдодӣ ба дасти сарбозони ироқӣ пас аз ҳамалоти ҳавоии "дақиқу муассири" нерӯҳои эътилоф рӯй додааст.

Бино ба баёнияи артиши Омрико, нерӯҳои ироқӣ бо кумаки шибҳинизомиёни ашоири (қабоили) устони Анбор ҳамчунин тавонистаанд дар ин пешравиҳо бар се пули рӯди Фурот тасаллут ёбанд ва гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро аз ҳафт русто дар шимолғарбии Албағдодӣ хориҷ кунанд.

Ҳамчунин, дар ҷабҳае дигар, нерӯҳои ироқӣ талош доранд, то дар амалиёте бузург шаҳри Такритро аз кунтрули шибҳинизомиёни Доъиш хориҷ кунанд.

Image caption Шибҳинизомиёни довталаби шиъаи мавсум ба "Ҳашад-аш-шаъабӣ" нақши пурранге дар амалиёти бозпасгирии Такрит доранд.

Мақомҳои Ироқ гуфтаанд, ки артиши ин кишвар бо пешравӣ дар масири Такрит тавонистааст бар фурудгоҳи Аддур дар ҳумаи Такрит тасаллут (даст) ёбад.

Дар амалиёти бозпасгирии Такрит аз дасти Доъиш наздик ба 30 ҳазор сарбози ироқӣ ва шибҳинизомиёни довталаби шиъаи мавсум ба "Ҳашад-аш-шаъабӣ" мушорикат доранд.

Такрит, зодгоҳи Саддом Ҳусайн, раҳбари пешини Ироқ, байни Мавсил ва Бағдод қарор дорад ва ба гуфтаи коршиносони низомӣ, даст ёфтан ба ин шаҳр масири амалиёт барои озодсозии Мавсилро ҳамвор хоҳад кард.

Як фармондеҳи шибҳинизомии шиъа ба Би-би-сӣ гуфтааст талаҳои (домҳои) инфиҷории Доъиш дар масири ҳаракат ба сӯи Такрит пешравии ин нерӯҳоро кунд кардааст.

Ба гуфтаи Аҳмад Моҳир, хабарнигори эъзомии Би-би-сӣ, ки ҳамроҳ бо артиши Ироқ ба сӯиТакрит дар ҳаракат аст, дар манотиқи озодшуда парчамҳои зардранги шибҳинизомиёни шиъа ҷойгузини парчамҳои сиёҳи Доъиш шудаанд.

Матолиби муртабит