Нашри видеуи 'таҳдиди як доъишӣ' алайҳи Қувватов

  • 6 Март, 2015
Умаралӣ Қувватов Image copyright BBC World Service
Image caption Умаралӣ Қувватов шоми дирӯз дар Туркия ба қатл расидааст

Ба дунболи интишори хабари қатли Умаръалӣ Қувватов, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ видиуе ҳокӣ аз таҳдиди як шибҳинизомии тоҷик дар Сурия алайҳи оқои Қувватов ва ду тани дигар аз шахсиятҳои мухолифи давлати Тоҷикистон мунташир шудааст.

Дар ин видеу шахсе, ки худро Махсуми Нусрат мулаққаб ба Абухолиди Кӯлобӣ муъаррифӣ мекунад, дар канори оқои Қувватов Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Додоҷони Атовуллоҳ, ду рӯзноманигори табъидии мухолифи давлати Тоҷикистонро таҳдиди аз миён бурдан мекунад.

Асолати ин видеу, замон ва макони филмбардории он мушаххас нест, вале фарди мулаққаб ба Абухолид дар порае аз видеу дар дохили як худра ва баъд дар ҷое нишаста бар сандалӣ дида мешавад, ки бо руҷӯъ ба баргае бар ин се нафар метозад, ки барои таблиғи андешаҳои худ "аз номи ислом" сухан нагӯянд.

Вай хитоб ба Умаралӣ Қувватов мегӯяд, ки агар хоҳони тарвиҷи демукросӣ бошад, ба ислом истинод накунад ва фақат ба демукросии мавриди назараш такя кунад. Аз ин видеу ба назар мерасад, ки ин фард аз баҳсҳои оқои Қуватов ва тарафдоронаш дар шабакаи "Зеллу" огоҳ аст.

Вай аз ҷумла вай мегӯяд: "Куфри шумо бо аз куфри инҳо чи разнитса (тафовут) дорад? Шумо мебароед аз "Зеллу" аз номи Аллоҳ, аз номи расулаллоҳ гап мезанед ва боз мегӯед, ки шумо демократия (демукросӣ) мекунед. Қонун як қонун аст, қонуни оллоҳ аст."

Фарди мулаққаб ба Абухолид ба ин мазмун хитоб ба оқои Қувватов мегӯяд, ки "демукросии шумо низ бо демукросии Эмомалӣ Раҳмон тафовуте надорад ва агар шумо низ сари қудрат оед, боз ҳам вобаста Убомо ва Путин хоҳед шуд."

Ин шибҳинизомии тоҷик, ки пештар ҳам видеуҳое мунташир карда буд, аз оқои Қувватов ва тарафдоронаш тақозо карда, ки мардуми Тоҷикистонро "гумроҳ накунед" ва меафзояд, ки дар оянда дар Тоҷикистон хилофати исломӣ барпо хоҳад шуд.

Вай хитоб ба Саидюнуси Истравшанӣ, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари тоҷики муқими Эрон, мегӯяд, ки "шиъа будани худро пинҳон" накунад ва дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз номи Имоми Аъзам сухан нагӯяд. Вай ҳамчунин афзуда, ки ҳаштод дарсади кормандони давлати Тоҷикистон ҳамагӣ шиъа шудаанд ва оқои Истаравшаниро ҳушдор медиҳад, ки аз таблиғи мазҳаби шиъа дар Тоҷикистон худдорӣ кунад.

Фарди мулаққаб ба Абухолиди Кулобӣ, ҳамчунин бо ёдоварӣ аз сӯиқасд ба ҷони Додоҷони Атовулло дар шаҳри Маскав, ки се сол қабл рух дод, ӯро низ таҳдид карда ва мегӯяд, ки ин бор "бо 220 гром оҳан" нест хоҳад шуд. Вай аз оқои Атовуллоҳ низ мехоҳад, ки "аз номи ислом ҳарф назанад."

Вай хитоб ба ин се мухолифи давлати Тоҷикистон ва тарафдоронашон ва онҳое, ки хостори эҷоди демукросӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, мегӯяд, ки онҳо рӯзе “қатли ом” хоҳанд шуд.

Ин видеу билофосила пас аз пахши хабарҳои мабнӣ бар қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбари эътилофи мухолифон, мавсум ба “Гурӯҳи 24” дар Тукия дар шабакаҳои иҷтимоъии Ютюб ва Фейсбук пахш шудааст.

Тибқи гузоришҳо, оқои Қувватов шаби гузашта дар Туркия бар асари масмумият ва шиллики гулӯла аз сӯи афроди номаълум ба қатл расидааст. Ба гуфтаи афроди наздик ба хонаводаи оқои Қувватов, ҳамсар ва писарони вай дар асари масмумият дар бемористоне дар вазъи вахим қарор доранд.

Image copyright BBC World Service
Image caption Фарди мулаққаб ба Абухолид оқои Қувватов ва ду тани дигар аз мухолифонро таҳдид карда, ки аз номи ислом сухан нагӯянд

Мақомоти интизомии Туркия аз боздошти як табаъаи Тоҷикисто ба номи Сулаймон Қаюмов ба занни қатли оқои Қувватов хабар додаанд. Аммо шароити қатли ӯ ва ангезаҳои ин қатл рӯшан нест. Бархе аз расонаҳо ин ҳодисаро як ҳамлаи теруристӣ хондаанд.

Бар асоси иттилоъи расонаҳои Туркия, оқои Қаюмов 30 сол дошта, се моҳ қабл ба Туркия кӯч баста ва ба “Гурӯҳи 24” пайвастааст. Дар иттилоъи ин расонаҳо омадааст, ки Умаралӣ Қувватов дар меҳмонии оқои Қаюмов буда ва аз ғизо масмум шудааст.

Умаралӣ Қувватов ҳангоме, ки аз манзили оқои Қаюмов барои рафтан ба бемоирстон берун меояд, аз ноҳияи сар тир хӯрда ва ҷони худро аз даст додааст.

Дар ҳамин ҳол, Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори мухолиф ва раҳбари ҷунбиши "Ватандор" гуфтааст, ки қатли Умаралӣ Қувватов аз се моҳ қабл аз сӯи маъмурони амниятии Тоҷикистон тарроҳӣ шуда ва ӯ давлати Тоҷикистонро ба даст доштан дар ин ҳодиса муттаҳам кардааст.

Оқои Атовулло гуфта: "Се моҳ қабл ба Умаралӣ ва ман таҳдиди қатл карда буданд ва Умаралӣ дар рӯзҳои ахир аз амнияти худ ва хонаводааш дар Туркия сахт нигарон буд."

Ин рӯзноманигори табъидии мухолифи давлати Тоҷикистон муътақид аст, ки давлати Тоҷикистон барои иҷрои ин тарҳ сармояи ҳангуфте ба омилони қатли оқоиҚувватов пардохтааст.

Мақомҳои расмии Тоҷикистон ҳанӯз ҳеч вокунише ба ин ҳодиса накардаанд, вале бархе аз коршиносони масоили сиёсӣ дар ин кишвар ҳамдастии мақомоти тоҷикро дар ин ҷурм баъид хондаанд. Ба гуфтаи онҳо, давлати Тоҷикистон дар қатли оқои Қувватов ҳеч манфаъате намебинад.

Сайфулло Сафаров, муъовини раиси маркази мутолеъоти роҳбурдии (истротежики) Тоҷикистон, гуфтааст, ки Умаралӣ Қувватов дар дохили Тоҷикистон кушта нашуда ва ин воқеъа дар кишваре хориҷӣ рух додааст ва ба ин далел даст доштани ҷонибдорони давлат дар он ғайримумкин аст.

Аз сӯйи дигар, бархе аз раҳбарони аҳзоби сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон низ дар вокуниш ба қатли Умаралӣ Қувватов аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ин воқеъа ба суди ҷомеъаи Тоҷикистон набуда ва метавонад дар ҷомеъа нооромиҳоро ба бор оварад.

Раҳматулло Зоҳиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот ва аз мухолифони умдаи давлати Тоҷикистон, низ қатли Умаралӣ Қувватовро “амале тарҳрезишуда” хондааст.

Раҷаби Мирзо, коршиноси масоили сиёсӣ, дар суҳбат бо хабаргузории "Озодагон" қатли Умаралӣ Қувватовро ба қатли Борис Немтсов, сиёсатмадори рус дар шаҳри Маскав, ташбеҳ кардаст.

Оқои Мирзо гуфтааст: "Сухан дар бораи куштор ва он ҳам дар як кишвари демукротик меравад. Агар давлати Тоҷикистон чунин "дасти дароз" дорад, пас воқеъан ҷои тарс аст. Агар фармоишгарон онҳоеанд, ки ба эҳсосоти мардум пас аз бо ном интихобот бозӣ мекунанд, ҷои андешаи тӯлонист..."

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ дар суҳбат бо бархе аз расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар ин кишвар қатли Умаралӣ Қувватовро маҳкум карда ва онро як амали иғвоангез номидааст.

Матолиби муртабит