Қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбари 'Гурӯҳи 24' дар Туркия

  • 6 Март, 2015
Умаралӣ Қувватов Image copyright BBC World Service
Image caption Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони “Гурӯҳи 24” дар Туркия бар асари масмумият ва шилики гулӯла аз сӯи афроди номаълум ба қатл расидааст

Умаралӣ Қувватов, раҳбари эътилофи мухолифони давлати Тоҷикистон, мавсум ба "Гурӯҳи 24", дар Туркия бар асари масмумият ва шиллики гулӯла аз сӯи афроди номаълум ба қатл расидааст.

Ба гуфтаи афроди наздик ба хонаводаи оқои Қувватов, ҳамсар ва писарони вай дар асари масмумият дар бемористоне дар вазъи вахим қарор доранд.

Ҷонибдорони оқои Қувватов, ки аз мухолифони сарсахти давлати Эмлмалӣ Раҳмон маҳсуб мешуд, мақомоти тоҷикро масъули ин қатл хондаанд, вале манобеъи наздик ба давлат ин иддиъоро рад мекунанд.

Яке аз пайвандони Умаралӣ Қувватов рӯзи ҷумъаи 6 март дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки нахуст Умаралӣ аз ғизо масмум шуда ва замоне ки аз манзил берун меояд, бо шиллики чанд гулӯла ба қатл мерасад.

Ин манбаъ ҷузъиёти бештаре ироа надод, вале иддае аз коршиносони мустақил бидуни ишора ба давлат ва ё гурӯҳе вижа қатли Умаралӣ Қувватовро ҷурме суфоришӣ арзёбӣ мекунанд.

Ин воқеъа ҳудуди соъати 22:30 ба вақти маҳаллӣ дар шаҳри Истонбул рух дода ва ҳувияти афроде, ки дар ин сӯиқасд даст доранд, ҳанӯз аз сӯйи кормандони интизомии Туркия ифшо нашудааст.

Умаралӣ Қувватов тайи се соли ахир ба унвони яке аз мухолифони сарсахти давлати Тоҷикистон, бавижа шахси Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар, хонда мешуд.

Вай ҳамроҳ бо се тан аз ҷонибдоронаш дар моҳи декабри соли 2014 дар шаҳри Истонбули Туркия боздошт шуда буд. Ҳарчанд мақомоти интизомии Тоҷикистон он замон аз мақомоти Туркия дархости истирдоди ӯро карда буданд, аммо ҷониби Туркия ин дархостро напазируфт.

Ин барои бори дувум буд, ки кормандони интизомии кишварҳои хориҷӣ Умаралӣ Қувватовро, ки давлати Тоҷикистон ӯро таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода буд, боздошт карданд.

Оқои Қувватов пеш аз ин дар поёни соли 2012 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ҳарчанд давлати Тоҷикистон он замон низ дархости истирдоди ӯро кард, аммо додгоҳи Дубай ин дархостро рад кард.

Умаралӣ Қувватов, ки пешинаи чандон пурранги сиёсӣ надорад, то соли 2012 ба тиҷорат машғул буд ва худро аз моликони ширкати мавсум ба "Фароз" медонист. Ин ширкат дар тӯли солҳои зиёде ба тиҷорати маводди сухтӣ, аз ҷумла барои нерӯҳои омрикоӣ ва Ноту дар Афғонистон, машғул буд.

Аммо дар пайи ихтилофи назар бо бархе аз шариконаш, ки афроди наздик ба хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, оқои Қувватов ва чанде аз шариконаш Тоҷикистонро тарк карданд ва дар моҳи августи соли 2012 эътилофи мавсум ба "Гурӯҳи 24"-ро дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, таъсис доданд.

Тайи ин солҳо Умаралӣ Қувватов ва ҷонибдоронаш дар хориҷ аз кишвар пайваста аз давлати Тоҷикистон интиқод мекард. Дар соли гузашта вай ва ҷонибдорони ӯ хостори он шуда буданд, ки Президент Раҳмон довталабона истеъфо кунад. Ба иллати адами вокуниш ба ин пешниҳод “Гурӯҳи 24” дар моҳи октябри соли 2014 сокинони Тоҷикистонро ба гирдиҳамоии эътирозӣ фаро хонд.

Ҳарчанд ин роҳпаймоӣ дар рӯзи 10 октябр баргузор нашуд, вале ба гуфтаи нозирон, мақомоти тоҷик аз чанд рӯз қабл барои муқобала бо он омодагӣ дида буданд.

Дар иртибот бо ин фарохон, дар моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон “Гурӯҳи 24” ба раҳбарии оқои Қувватовро ифротгаро хонда ва фаъъолияташро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом кард.

Ду рӯз қабл, Умедҷон Солеҳов, яке аз ҷавонони мунтақиди давлат, аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе дар узвият дар гурӯҳ муҷрим шинохта ва барои беш аз 17 сол равонаи зиндон шуд.

Матолиби муртабит