Боздошти ду сокини вилояти Суғд ба занни қатл дар як рӯз

  • 6 Март, 2015
Чоқу Image copyright BBC World Service
Image caption Пулис аз боздошти ду фарди муттаҳам дар қатл дар як рӯз хабар додааст

Пулис аз боздошти ду сокини вилояти Суғди Тоҷикистон ба занни қатл хабар додааст.

Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 6 март дар ин бора иттилоъ пахш карда ва менависад, ки яке аз ин ҳодисот дар ноҳияи Ашти ин вилоят рух додааст.

Пулис зимни пахши ҷузъиёти бештари ин воқеъа мегӯяд, ки Қодиралӣ Ҷӯраеви сокини 19-солаи ноҳияи Ашт бо истифода аз ҷоқу ба мантақаи шиками Илҳомҷон Юсуфов чанд зарба зада ва дар натиҷа Илҳомҷон ҷони худро аз даст додааст.

Кормандони ин вазорат дар робита ба ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқоти муқаддамотии он мушахас кардааст, ки ангезаи ин қатл рашк будааст.

Аммо пулис ангезаи қатли дигареро, ки мунҷар ба кушта шудани як зани 50-сола шудааст, қасди таҷовуз ба номуси ин зан ва муқобилаи вай ба ин амал арзёбӣ кардааст.

Тибқи ин хабар Ойбек Ҳамзаеви 30-сола рӯзи 5 март ба бинои ширкати мурғпарварӣ воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғаффурови вилояти Суғд омада ва кушиш мекунад, ки бо Наталия Гурина, корманди ин ширкат ҳамхоба шавад.

Аммо Наталия Гурина ба ин амали Ойбек муқобала мекунад ва оқои Ҳамзаев, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст бо санг ба сару рӯйи Наталия зарба мезананд ва дар натиҷаи ин заработ ин зани 50-сола ҷони худро аз даст додааст.

Пулис баъд аз чанд соъат Ойбек Ҳамзаевро боздошт ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 104 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне қатл парвандаи ҷиноиро боз ва таҳқиқоти онро идома медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол бар асоси иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар соли 2014 дар ин кишвар ҳудуди 100 ҷурми қатл расман сабт шудааст.

Матолиби муртабит