Мақомоти эронӣ натоиҷи музокироти ҳастаии Мунтеруро ташреҳ карданд

  • 6 Март, 2015
Image copyright tasnimnews.com
Image caption Ироқчӣ ва Зариф арзёбии мусбат, аммо муҳтотонае аз натоҷи даври ҷадиди музокирот доштаанд

Бо поён гирифтани даври дигаре аз музокироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои Гурӯҳи 5+1, мақомоти эронии ширкаткунанда дар ин музокирот дар бораи натоиҷи бадастомада тавзеҳоте додаанд.

Намояндагони Эрон в кишварҳои узви Гурӯҳи 5+1 дар рӯзи душанбе то панҷшанбе (2 то 5 март) дар ду риштамузокирот дар мавриди парвандаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ дар Суис, ширкат карданд ва ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон, ИРНО, қарор аст ҷаласаи баъдӣ дар ин замина дар рӯзҳои 15 то 20 март баргузор шавад. ИРНО гуфтааст макони ташкили ҷаласа ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Бахше аз музокироти ахир байни Ҷон Керрӣ ва Муҳаммадҷавод Зариф, вазирони хориҷаи Омрико ва Эрон сурат гирифт, ки дар мароҳиле аз он раиси созмони энержии атумии Эрон ва вазири энержии Иёлоти Муттаҳида низ ҳузур доштанд.

Бахши дигари гуфтугӯҳо дар сатҳи муъовинони вазорати хориҷа бо ширкати Аббоси Ироқчӣ, муъовини вазири хориҷа ва узви аршади гурӯҳи музокиракунандагони ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ, муъовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва намояндагони кишварҳои Омрико, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ва Олмон ба унвони аъзои Гурӯҳи 5+1 анҷом шуд.

Дар поёни гуфтугӯҳои Суис, Муҳаммадҷаводи Зариф дар мусоҳибае ихтисосӣ бо шабакаи Эн-би-сии Омрико ширкат кард, ва дар мавриди натоиҷи бадастомада аз ин давр аз музокирот ва мавозеъи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ тавзеҳоте дод.

Оқои Зариф дар ин мусоҳиба таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар пайи сохтани бумби атумӣ нест, зеро муътақид аст доштани таслиҳоти ҳастаӣ боъиси бархурдорӣ аз амният намешавад. Вай афзуд, ки ҳадафи барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ "пешрафти илмӣ" ва ғурури миллӣ аст ва афзуд "замоне ки ба тафоҳуме бирасем ва ин ҷору ҷанҷол аз миён биравад, замоне ки эҷоди тарс аз миён биравад, метавонем ба тавофуқ бирасем, тавофуқе, ки ба зиёни ҳеҷ кас нахоҳад буд."

Вазири хориҷаи Эрон дар ишора ба музокироти фишурдаи рӯзҳои ахир аз омодагии худ барои кори шабонарӯзӣ то дастёбӣ ба тавофуқ сухан гуфт ва афзуд "муътақидам, ки метавонем (ба ҳусули тавофуқ) наздик, бисёр наздик шуда бошем ва дар айни ҳол мумкин аст аз он хеле дур бошем" ва афзуд, ки ҷузъиёте ҳаст, ки бояд ҳаллу фасл шавад

Image copyright AFP
Image caption Солеҳӣ, Зариф, Керрӣ ва Муниз дар Мунтру илова бар вазирони хориҷа, мақомоти аршади фаннии Эрон ва Омрико низ дар музокирот ширкат карданд.

Оқои Зариф дар ин мусоҳиба изҳороти раиси ҷумҳурии Омрикоро ёдовар шуд, гуфт "агар ба қавли президент Убомо иродаи сиёсии лозим барои расидан ба оре битавонад эҷод шавад, мо хеле наздик ҳастем."

Вазири хориҷаи Эрон дар бахши дигаре аз ин мусоҳиба бо мавозеъи Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил ҳам ишора кард ва бо ибрози умедворӣ ба дастёбӣ ба тавофуқе, ки нишон диҳад барномаҳои ҳастаии Эрон "ҳамвора сулҳомез хоҳад монд" гуфт, ки "мумкин аст касоне воқеъан нигарониҳое дошта бошанд, мумкин аст касоне бошанд, ки таҳти таъсири он навъ ҳистерӣ қарор гирифтаанд, ки афроде мисли оқои Нетонёҳу оташбиёри он ҳастанд, аммо ба нафъи ҳамагон аст, ки бигузоранд тавофуқе ба даст ояд."

Матолиби муртабит