Ироқ: Доъиш амалиёти тахриби шаҳри бостонии Нимрудро оғоз кард

  • 6 Март, 2015
Image copyright PA
Image caption Нимруд номи муъарраб ва маҳаллии шаҳри ошурии Колху (Колеҳ) дар устони Нинвои Ироқ аст

Мақомҳои ироқӣ мегӯянд гурӯҳи мавсум ба "Давлати Исломӣ" (Доъиш) рӯзи панҷшанбе амалиёти тахриби шаҳри бостонии Нимруд дар наздикии Мавсилро оғоз кардааст.

Вазорати ҷаҳонгардӣ ва осори таърихии Ироқ бо судури баёнияе гуфтааст гурӯҳи Доъиш пас аз намози зуҳр бо булдузер тахриби ин шаҳри таърихиро оғоз кард.

Шаҳри таърихии Нимруд, ки аз он ба унвони нигини тамаддуни ошурӣ ёд мешавад дар қарни 13-и пеш аз мелод ва дар ҳошияи рӯди Даҷла ҳудуди 30-килуметрии ҷануби шарқии Мавсил, бунён гузошта шуд.

Вазорати ҷаҳонгардӣ ва осори таърихии Ироқ хостори нишасти изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои расидагӣ ба ин мавзӯъ шуда, аммо дар бораи мизони хисорат ба шаҳри Нимруд ҷузъиёте ироа накардааст.

Интишори гузоришҳои марбут ба тахриби шаҳри Нимруд як ҳафта пас аз пахши видиюе аст, ки шибҳнизомиён Доъишро дар ҳоли хурд кардани осори бостонӣ дар музейи Мавсил нишон медод.

Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаи ҳафтаи қаблро ба унвони ҷиноёти ҷангӣ маҳкум кард.

Шибҳнизомиёни Доъиш нигаҳдорӣ аз осор ва амокини бостониро мисдоқи "бутпарастӣ" медонанд ва муътақианд, ки чунин осоре бояд тахриб шавад.

Устони Нинво, ки шаҳрҳои Мавсил, Нимруд ва бархе аз дигар амокини таърихии Ироқ дар он қарор доранд, аз тобистони соли 2014 ба тасарруфи шибҳнизомиёни Доъиш даромадааст.

Амалиёти нерӯҳои ироқӣ ва курд барои бозпас гирифтани Нинво бо ҳамкории Эрон ва пуштибонии кишварҳои эътилоф алайҳи Доъиш ҳамчунон ҷараён дорад.

Бо ин ҳол, хабаргузории Фаронса гузориш медиҳад, ки амалиёти аслӣ барои берун рондани Доъиш аз устони Нинво эҳтимолан чанд моҳи дигар анҷом мешавад ва то он замон имкони таърихии мутаъаддиде дар ихтиёри гурӯҳи "Давлати Исломӣ" боқӣ хоҳад монд.

Матолиби муртабит