Ҳамлаи шӯришиён ба сарфармондеҳии иттилоъот ва амнияти нерӯи ҳавоии Сурия

  • 5 Март, 2015
Image copyright AFP
Image caption Сарфармондеҳии идораи иттилоъот ва амнияти нерӯи ҳавоии Сурия дар Ҳалаб

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ки як созмони мустақил аст, мегӯяд дар ҳамла ба як мақари амниятии муҳим дар Ҳалаб шуморе аз нерӯҳои амниятӣ ва теъдоде аз шӯришиён кушта шудаанд.

Ба гуфтаи Рамӣ Абдураҳмон, мудири ин созмони мустақар дар Ландан кушташудагон аъзои идораи иттилоъот ва амнияти нерӯи ҳавоии Сурия, шибҳнизомиёни тарафдори давлат, афроди Ҳизбуллоҳи Лубнон ва шибҳнизомиёни шӯришӣ будаанд.

Расонаҳои давлатии Русия дар ин бора ҳануз хабаре мунташир накардаанд, аммо артиши Сурия таъйид карда, дар ин минтақа инфиҷор ва даргирӣ рух додааст.

Ташдиди даргириҳо дар Ҳалаб дар ҳоле иттифоқ меафтад, Истефон ди Мистуро, фиристодаи вижаи Созмони Милал ба Сурия тарҳи оташбаси минтақаӣ дар Ҳалаб мавсум ба "манотиқи орӣ аз даргирӣ"ро пайгирӣ мекунад.

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд ҳамла ба сарфармондеҳии иттилоъот ва амнияти нерӯи ҳавоӣ баъд аз зуҳри чаҳоршанбе (13 исфанд, чаҳоруми март) бо инфиҷори шадиди бумбе дар тунеле наздик ба ин мақар, дар минтақаи ҷамъияти Аззаҳро оғоз шуд.

Image copyright AFP
Image caption Дуди ҳосил аз инфиҷори бумб дар ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ ба шӯришиён дар минтақаи даргирӣ аз шаҳри Ҳалаб

Ба гуфтаи сокинони шаҳр ин инфиҷор бештари манотиқи шаҳрро мисли зилзила ба ларза даровард. Маркази ларзанигории Урупо-Медитарона ҳам ларзише ба қудрати 2,3 риштерро сабт кардааст.

Билофосила пас аз инфиҷор шибҳнизомиёни Ҷабҳаи Нусрат, вобаста ба Алқоъида ва шӯришиёни исломгаро ҳамла ба мақарро бо оташборӣ бар сохтмон оғоз карданд.

Нерӯҳои давлатӣ низ бо оташбозии сангин ва ҳимояти нерӯи ҳавоӣ посух доданд ва набарди шадиде дар гирифт.

Дар натиҷаи ин ҳамалот ба бахшҳое аз ин сохтмон осеби ҷиддӣ ворид шудааст.

Ба гуфтаи Ҷим Мюр, хабарнигори Би-би-сӣ дар Бейрут ин сохтмон аз ду сол пеш, ки набард барои тасарруфи Ҳалаб оғоз шуд, яке аз аҳдофи муҳими шӯришиён будааст ва то кунун борҳо барои ишғоли он даст ба амалиёт зада буданд.

Иттилоъот ва амнияти нерӯи ҳавоии Сурия яке аз нухбатарин нерӯҳои артиши Сурия ба шумор меравад ва аз замоне ки Ҳофиз Асад, падари раиси ҷумҳурии феълии Башор Асад бо кудетои низомӣ ба қудрат расид, ҷойгоҳи вижае доштааст.

Image copyright AFP
Image caption Имдодгарони довталаб дар ҳоли интиқоли маҷруҳони ҳамла ба сарфармондеҳии иттилоъот ва амнияти нерӯи ҳавоӣ

Ҳофиз Асад дар замони кудето фармондеҳи нерӯи ҳавоӣ буд.

Нерӯи ҳавоии Сурия дар мубориза бо исломгароён ва шӯришиён нақши калидӣ дорад ва ба бераҳмӣ шуҳра аст.

Фаъъолони ҳуқуқи башар мегӯянд мақари иттилоъот ва амнияти нерӯи ҳавоӣ дар Ҳалаб маркази боздошт ва шиканҷаи мухолифони давлат аст.

Ба гуфтаи коршиносон агар шӯришиён битавонанд ин мақарро ишғол кунанд зарбаи бузурге ба нерӯҳои давлатӣ хоҳад буд ва султаи онҳо бар минтақаи ғарбии шаҳр башиддат тазъиф хоҳад кард.

Ҳалаб аз нимаи соли 2012 дастхуши даргириҳои нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён будааст.

Аммо аз соли гузашта артиши Сурия бо ҳимояти шибҳнизомиёни тарафдори давлат ва нерӯҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ба тадриҷ пешравӣ карда ва манотиқе аз шаҳрро ба тасарруф даровардаанд.

Дар натиҷаи ду соли даргирӣ дар дувумин шаҳри бузурги Сурия бештари марокизи санъатӣ ва тиҷории Ҳалаб тахриб шудааст.

Матолиби муртабит