Дар зиндони Виан ҷасади Роҳат Алиев ёфт шуд

  • 24 Феврал, 2015

Ҷасади Роҳат Алиев, домоди собиқи Президент Назарбоев ва дипломати пешин дар зиндони Йозефштати Утриш кашф шудааст.

Намояндагони муассисаи иҷрои ҷазои Утриш гуфтаанд, худкушӣ аз фарзияи аввали марги Роҳат Алиев унвон шудааст.

Бино ба иттилоъи масъулони зиндон, домоди Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, худро овехтааст.

Зимнан, дар Қазоқистон ба иттиҳоми одамрабоӣ, таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ ва омодагӣ барои анҷоми табадуллоти давлатӣ дар қиболи Роҳат Алиев парвандaи ҷиноӣ боз шудааст.

Додгоҳи Қазоқистон дар соли 2008 Роҳат Алиевро ғоибан ба 40 сол зиндон маҳкум карда ва давлати Қазоқистон аз Утриш тақозои истирдоди ӯро карда буд.

Вале дар соли 2011 додгоҳи Виан аз истирдоди Роҳат Алиев ба Қазоқистон худдорӣ кард.

Оқои Алиев, сафири вақти Қазоқистон дар Утриш, ҳама гуна иттиҳомро рад карда ва онҳоро сиёсӣ хонда буд.

Матолиби муртабит