Пахши ин фойл дар дастгоҳи шумо пуштибнӣ намешавад

Аз ду суи Ому: Аз Орзу то Шакарин

23 Феврал, 2015 Ба рӯз шуда дар 19:40 +05

"Аз ду суи Ому" унвони барномаи‌ ҳафтагии Дориюши Раҷабиён аст, ки рӯзҳои душанбе аз "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш мешавад.

Дар барномаи ин ҳафта тозатарин таронаҳои Убайди Ҷӯянда ва Орзуи Некбин аз Афғонистон ва Фарангис Аҳмадӣ ва Шароф Шакарин аз Тоҷикистонро мешунавед.

Шароф Шакарин худаш тозатарин таронаашро барои шунавандагони барнома муъаррифӣ мекунад.

Ин барнома дар бомдоди душанбе, 4 исфандмоҳи 1393 (23 феврали 2015) дар "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш шудааст.

Барои шунидани матолиби дигари родиюи Би-би-сӣ ба сафҳаи родию муроҷаъа кунед.