Пахши ин фойл дар дастгоҳи шумо пуштибнӣ намешавад

Аз ду суи Ому: Ҳамкории овозхоне аз Тоҷикистон бо Муҳсини Човушӣ аз Теҳрон

9 Феврал, 2015 Ба рӯз шуда дар 19:14 +05

"Аз ду суи Ому" унвони барномаи‌ ҳафтагии Дориюши Раҷабиён аст, ки рӯзҳои душанбе аз "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш мешавад.

Дар барномаи ин ҳафта тозатарин таронаҳои Бежани Султонӣ ва Ҳусейни Аҳмадёр аз Афғонистон ва Ҳабибаи Давлат ва Бохтарӣ аз Тоҷикистонро мешунавед. Ҳамагӣ овозхонони ҷавонанд ва барои нахустин бор оҳангҳояшон аз барнома пахш мешавад.

Тозатарин таронаи Бохтарӣ аз Тоҷикистон кори муштараке аст бо Муҳсини Човушӣ аз Теҳрон.

Бохтарӣ дар як паёми вижа ҳамкориаш бо ҳунармандони эрониро тавзеҳ додааст.

Ин барнома дар бомдоди душанбе, 20 баҳманмоҳи 1393 (9 феврали 2015) дар "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш шудааст.

Барои шунидани матолиби дигари родиюи Би-би-сӣ ба сафҳаи родию муроҷаъа кунед.