Пахши ин фойл дар дастгоҳи шумо пуштибнӣ намешавад

Аз ду суи Ому: Аз тозатарин кори Шабнами Сурайё то таронаи ҳазорагии Лайло Баргӣ

26 Январ, 2015 Ба рӯз шуда дар 23:25 +05

"Аз ду суи Ому" унвони барномаи‌ ҳафтагии Дориюши Раҷабиён аст, ки рӯзҳои душанбе аз "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш мешавад.

Дар барномаи ин ҳафта аз ҷумла тозатарин таронаҳои Шабнами Сурайё ва Гуласал Пӯлодова аз Тоҷикистон ва Лайло Баргӣ ва Фарид Самим аз Афғонистонро мешунавед.

Дар бахши пешкисватон ба таронае аз Ориёно Саид мепардозем, ки бо Шаҳроми Фаршед, овозхони эронӣ иҷро кардааст.

Ин барнома дар бомдоди душанбе шашуми баҳманмоҳи 1393 (26 январи 2015) дар "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш шудааст.

Барои шунидани матолиби дигари родиюи Би-би-сӣ ба сафҳаи родию муроҷаъа кунед.