Нигинаи Амонқул
Пахши ин фойл дар дастгоҳи шумо пуштибнӣ намешавад

Аз ду суи Ому: Тозатарин таронаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон

27 Октябр, 2014 Ба рӯз шуда дар 17:18 +05

"Аз ду суи Ому" унвони барномаи‌ ҳафтагӣ аст, ки рӯзҳои душанбе аз "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш мешавад.

Дар барномаи‌ ин ҳафта тозатарин таронаҳои Нигинаи Амонқул ва Дамирбек Олимов аз Тоҷикистон ва Алмос Фароҳӣ аз Афғонистонро мешунавед.

Заррина Тоҷибоева, ҳунарманди тоҷики муқими Суис (Швейтсария) ҳам барои ширкат дар мусобиқаи Юрувижан 2015 довталаб шудааст.

Дар ин барнома бо хонуми Тоҷибоева ҳам суҳбат кардаем.

Дар бахши пешкисватони барнома ёде мекунем аз Ҳоҷӣ Сайфиддин аз Афғонистон, ки чанд соли пеш даргузашт.

Ин барнома дар бомдоди душанбеи 5 обон (27 октябр) дар "Чашмандози бомдодӣ"-и родиюи Би-би-сӣ пахш шудааст.

Барои шунидани сойири матолиби родиюи Би-би-сӣ ба сафҳаи родию муроҷаъа кунед.