Ба ёди 110-умин солгарди таваллуди Комил Ёрматов

  • 16 Октябр, 2014
Комил Ёрматов Image copyright BBC World Service
Image caption Нахустнамоиши мустанади “Комил”, ки аз сӯйи Сафарбек Солиев ба ёди Комил Ёрматов, яке аз бунёдгузорони синемои Тоҷикистон ва Узбакистон сохта шуд, ба намоиш даромад

Рӯзи панҷшанбе, 16-уми октябр дар Душанбе нахустнамоиши мустанади "Комил", ки аз сӯйи Сафарбек Солиев ба ёди Комил Ёрматов, яке аз бунёдгузорони синемои Тоҷикистон ва Узбакистон сохта шуда, ба намоиш даромад.

Ин филм ба муносибати 110-умин солгарди таваллуди Комил Ёрматов ва ба унвони нахустин филми "Дидор" - ҷашнвораи байналмилалии синемо дар Тоҷикистон дар Хонаи Синемои шаҳри Душанбе ба тамошобинон пешкаш шуд.

Масъулони ҷашнвораи синемои "Дидор-2014" тасмим гирифтаанд имсол ин ҷашнвора ба ёди ин коргардони филм ва намоишноманавис бахшида шавад.

Сафар Ҳақдод қабл аз намоиши ин мустанад гуфт: "Ҳамаи мо дер боз мунтазири ин филм будем. Сафарбек солҳои зиёд дунболи ҷустуҷуи афрод ва мусоҳибаҳо барои таҳияи он буд. Танзими ин филм тоза анҷом ёфт ва мисли нони гарм имрӯз барои тамошобинон пешкаш мешавад."

Оқои Ҳақдод мегӯяд, Комил Ёрматов фарде бошахсият ва дорои зиндагие фавқулода буд, ки дар бунёди синемои Осиёи Миёна нақши муҳим бозид, аммо таъкид кард, ки вай ҳамчунин "шуҷоътарин шахс дар он замон ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар синамо" будааст.

Комил Ёрматов аз миёни нахустин ҳунармандони тоҷик дар арсаи синемо буда ва маҳз ӯ София Тӯйбоева, нахустин ҳунарманди зани тоҷикро ба саҳна овардааст.

Филми "Комил", мустанаде аз Сафарбек Солиев, коргардони матраҳи тоҷик иборат аз мусоҳибаҳои пайвандон, дӯстон ва ҳамкорони Комил Ёрматов дар бораи корнома ва зиндагиномаи ин чеҳраи барҷаста дар замони ташкили истудиюи синемо дар Тоҷикистон ва Узбакистон аст.

Image copyright BBC World Service
Image caption Сафарбек Солиев мегӯяд, ки ин филмро тӯли ҳудуди шаш сол таҳия ва танзим карда ва барои анҷоми ин кор ӯ бо 6 филмбардор ҳамкорӣ кардааст.

Мусоҳибаҳои пурэҳсоси ин мустанад баъзан пардаи асрор аз бархе аз шоеъот ва достонҳо аз зиндагии пурмоҷарои Комил Ёрматовро бармедорад.

Мусоҳибон дар ин филм достонҳоеро аз зиндагии Комил Ёрматов, фарзанди Ёрмуҳаммад мингбошӣ, сарҳанги артиши тезорӣ аз овони ҷавониаш то замони касби шӯҳрат ба унвони филмбардор ва марги коргардони номии вақтро ба риштаи тасвир мекашанд.

Шуҷоъати Комил Ёрматов дар зиндагӣ ва кор, эҳтироми ӯ дар миёни мардуми маҳаллӣ ва шӯравӣ ва маҳбубияташ дар миёни занон дар меҳвари ин мустанад қарор гирифтаанд.

Сӯҳбатҳои бепарда, аммо бомуҳаббати фарзандони Комил Ёрматов аз модарони мухталиф дар бораи падар, хотираҳои рангини ҳамкорони ӯ дар бораи иштиёқи фавқулодаи Комил Ёрматов ба синемо ва моҷароҳояш бо мақомоти вақт, тамошобинро ба сурати ғайричашмдошт бо ин шахсияти таърихӣ аз наздик ошно мекунад.

Сафарбек Солиев мегӯяд, ки ин филмро тӯли ҳудуди шаш сол таҳия ва танзим карда ва барои анҷоми ин кор ӯ бо 6 филмбардор ҳамкорӣ кардааст. Оқои Солиев махориҷи ин филмро худ пардохта ва онро ройгон дар ҷашнвораи "Дидор" ба намоиш гузоштааст.

Комил Ёрматов ҳарчанд дар даҳаи 1930 қарни гузашта кори худро дар синемо дар Тоҷикистон оғоз кард, аммо дар даҳаи 1950 ба Узбакистон нақли макон карда ва дар онҷо раёсати Узбекфилмро бар ӯҳда гирифт.

Image copyright BBC World Service
Image caption Набераи София Туйбоева ва Комил Ёрматов мегӯяд, барои Комил Ёрматов марзҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон вуҷуд надоштанд

Бино ба гуфтаи пайвандон оқои Ёрматов, ки дар он замон соҳиби медолҳо ва унвонҳои муҳтарами шӯравӣ, аз ҷумла унвони Ҳунарманди мардумии шӯравӣ шуда буд, бо хусумати шахсӣ бо яке аз мақомоти вақти Тоҷикистон рӯбарӯ шуд ва ба ин далел синемои Тоҷикистонро ба қасди Узбакистон тарк кард.

Бо ин вуҷуд ба гуфтаи ҳамкоронаш ҳарчанд оқои Ёрматов филмбардориро дар Узбакистон идома дод, аммо "ҳамеша талош мекард ва бештари гурӯҳи ҳунармандони филмашро аз миёни ҳунармандони тоҷик интихоб мекард."

Ҳоло наваи Комил Ёрматов ва София Тӯйбоева ва хоҳарзодаи Комил Ёрматов наздиктарин пайвандони хунии ӯ дар Тоҷикистон ҳастанд.

Онҳо мегӯянд, ҳарчанд барои Комил Ёрматов марзҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон вуҷуд надошт, аммо ӯ дар охири умраш хеле дӯст дошт ба ватан ба Конибодом баргардад.

Аммо соли 1978 даргузашт ва дар гӯристони Чағатоии Тошканд ба хок супурда шуд. Дар соли 1979 киностудияи Узбакистон ба номи Комил Ёрматов гузошта шуд.