Тоҷикистон ба бозиҳои ҳаштякфинолӣ роҳ ёфт

  • 22 Сентябр, 2014
футбол Image copyright BBC World Service
Image caption Дастаи мунтахаби улампики футболи Тоҷикистон ба бозиҳои ҳаштякфинолӣ роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби улампики Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё бар дастаи мунтахаби Уммон бо ҳисоби 1 бар сифр дастболо шуд.

Тибқи иттилоъи Федеротсиюни футболи Тоҷикистон, голи ягонаи дар дақоиқи охири бозӣ Ҷаҳонгир Эргашев, ҳамлагари тоҷик ба дарвозаи рақиб задааст.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С” дастаи мунтахаби Фаластин аз дастаи Сингопур бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрдааст.

Бад ин тартиб, дастаи Тоҷикистон аз 3 бозӣ 6 имтиёз ба даст оварда ва дар гурӯҳи “С” дар зинаи дуюм ҷой гирифта ва ба даври ҳаштякфинолӣ роҳ ёфт.

Ҳамакнун дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 26 сентябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи шаҳри Хвасони Куриёи Ҷанубӣ бо дастаи мунтахаби Ироқ вориди рақобат хоҳад шуд.

Зимнан, дастаи мунтахаби футболи зери синни 23 соли Тоҷикистон, дар бозии аввали худ дар рӯзи якшанбеи 14 сентябр дастаи Сингопурро бо ҳисоби 1 бар сифр мағлуб карда, аммо дар бозии дуюм аз дастаи мунтахаби Фаластин бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрда буд.

Бозиҳои 17-уми Осиёӣ аз 14 сентябр то 2 октябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳҳои Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуда ва дар 8 гурӯҳ 29 даста бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Тибқи муқаррароти ин бозиҳо аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин бар даври навбатӣ роҳхат гирифта ва бо дастаҳои гурӯҳҳои дигар барои даст ёфтан ба даврҳои дигари мусобиқот талош хоҳанд кард.